Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

намудан мумкин мешавад. Ба сифати ашёи хом оҳанпартовҳои мавҷударо низ истифода бурдан мумкин аст. Бинобар набудани чунин корхона ҳар моҳ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор тонна оҳанпора бо қимати даҳчанд арзон ба хориҷи дур ва наздик содир карда мешавад.

Фулузоти ранга. Аз ашёи хоми маъдании барои фулузоти ранга лозима ҷои аввалро бокситҳо ишғол мекунанд. Дар натиҷаи тадқиқоти геологӣ пешбинӣ шудааст, ки дар тамоми дунё зиёда аз 50 млрд. тонна захираи бокситҳо мавҷуд аст, ки то аввали соли 2001 захираи 20 млрд. тоннаи он пурра аниқ карда шудааст.

Калонтарин захираҳои бокситҳо дар Австралия, Гвинея, Бразилия, Венесуэла, Ямайка, Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ ва Россия кашф карда шудаанд. Истеҳсоли бокситҳо дар ҷаҳон соли 2000 ба 80 млн. тонна расонида шуд, ки ин миқдор вобаста ба ҳаҷми истеҳсоли дар ҷаҳон бароҳмондашудаи алюминий ба 250 сол мерасад.

Алюминийро дар байни фулузоти ранга вобаста ба хусусиятҳои хоси танҳо ин маъдан, дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷаҳон истифода мебаранд. Имрӯзҳо алюминийро дар соҳаи саноати самолётсозӣ, мошинсозӣ, киштисозӣ, истеҳсоли молҳои рӯзгор дар ҳаҷми беҳад калон ва васеъ истифода мебаранд. Дар табиат маводи аввалаи боксит дар конҳои бузурги дар боло номбурда доимо бо омехтаи маъданҳои гуногун вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, ҳиссаи боксит дар таркиби оксиди алюминийи (гилхок) конҳои гуногуни ҷаҳон аз 27 то 70% муайян карда шудааст. Вобаста ба ин таносуб низ арзиши хокаи он муайян карда мешавад. Дар таркиби оксиди алюминий вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии конҳо як силсила элементҳои химиявии ба он монанд - бемит (то 85% гилхок), гидраргиллит (65,4% гилхок) вомехӯранд. Таносуби каму зиёди он дар вақти гудозиш боиси истеҳсоли навъҳои гуногуни алюминий мегардад.

Даҳсолаҳои охири асри XX олимон дар натиҷаи такмили протсессҳои истеҳсолӣ истеҳсоли алюминийро аз нефелин ва алунит, ки дар таркибаш 35-37% хокаи алюминий дорад, кашф намуданд, ки боиси якбора дар ҷаҳон зиёд шудани истеҳсоли алюминий гардид.

пешина
аз 785
навбатӣ