Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Истеҳсоли солонаи алюминий соли 2000-ум ба 24,5 млн. тонна расонида шуд (соли 1986 - 15,6 млн. тонна истеҳсол карда шуда буд).
Дар Тоҷикистон ба ин соҳа аз рӯзҳои аввали шурӯъ шудани сохтмони нерӯгоҳи барқии Норак, ки мувофиқи нақша мебоист дар як сол зиёда аз 12 млрд. кВТ-соат қувваи барқ ҳосил намояд, эътибори махсус дода мешуд. Бо вуҷуди дар он давра дар ҳудуди Тоҷикистон кашф нашудани гилхок, бинобар мавҷуд будани қувваи барқи арзон сохтмони корхонаи азими алюминий соли 1963 дар шаҳри Турсунзода шурӯъ шуд. Корхонаи алюминийи Тоҷикистон дар масоҳати 295 гектар ҷойгир шуда, аз нӯҳ сехи электролизӣ иборат аст. Мувофиқи нақша дар як сол корхонаи алюминий бояд 500 ҳазор тонна сабикаи алюминийи стандарти байналмилалӣ тавлид намуда, дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсол корхонаи дуюмин мешуд.
31 марти соли 1975 баробари ба анҷом расидани сохтому васли таҷҳизот дар қисмати аввалини коргоҳи электролиз ва бахши гудозиш нахустин тоннаҳои алюминий истеҳсол гардид.
Соли 1979 баробари ба анҷом расидани сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Норак ва ба истифода дода шудани агрегати 9-уми он сохтмони заводи алюминийи Тоҷикистон низ пурра ба анҷом расид.
Аввали соли 1980 шумораи коргарони ин корхона дар чор баст 15 ҳазор нафарро ташкил намуда буд. Ҳаҷми маҳсулоти ин корхона дар ин сол ба 350 ҳазор тонна расонида шуд.
Даҳсолаҳои охири асри XX бо сабаби пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, канда шудани робитаҳои иқтисодии дар асоси роҳбарии марказонидашуда ташаккулёфта ва ҷорӣ гардидани системаи нави хоҷагӣ ҳаҷми миёнаи истеҳсоли солонаи алюминий 240-250 ҳазор тоннаро ташкил медод.
Масалан, агар соли 1999 корхона 237 ҳазор тонна алюминий истеҳсол карда бошад, пас соли 2000-ум ин нишондиҳанда ба 245 ҳазор тонна расонида шуд, ки дар асл маънои 49%-и истифодаи иқтидори корхонаро дорад. Имрӯзҳо корхонаи алюминий мувофиқи талаботи муштариён якчанд намуди рехтаи алюминийро (дар шакли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор