Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
сабикаи 24 кг, рехтаи истеҳсолии 1 тонна, сим, рехтаи тамғаҳои АД31, АК37, АК12, асбобҳои рӯзгор ва ғайра) истеҳсол мекунад.
Дар баробари ба истифода дода шудани қисми аввали корхонаи алюминий Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони махсус саридораи геологияи ҷумҳуриро барои кофтакови маъдани алюминийдор вазифадор намуд. Аввалин конҳои боксит дар қисми шумолии Тоҷикистон - водии Зарафшон кашф шуданд, вале аҳамияти саноатӣ надоштанд. Захираҳои боксити дар кӯҳҳои Қизимчик ва Қӯрганаки ноҳияи Шаҳристон бо номи кони Қурганак, Каравай, Шаршара, Кул кашфшуда ба гурӯҳи конҳои саноатӣ дохил карда нашуданд.
Кони кашфшудаи Бедаки деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара бо вуҷуди ҳаҷми захираи азимаш (дарозии 10 метр ва зичии аз 7 то 30 метр) дақиқ карда шуд, ки хокаи боксити сурхро бештар барои саноати абразивӣ ва истеҳсоли ранг истифода мебаранд.
Захираи начандон калони кони Шингак-Уҷколи ноҳияи Панҷакент ва конҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон - Киш тут ва Урметан низ аҳамияти саноатӣ надоштанд. Даҳсолаҳои охири асри ХХ конҳои зиёди боксит ба монанди Чилгакул, Пшарти ғарбӣ, Калактош, Окҷилгаи ноҳияи Мурғоб кашф карда шуданд. Аз ҷамъи конҳои мавҷуда солҳои охири асри ХХ кони омехтаи сиенитҳои нефелинии кони Турпии ҳавзаи Сурхоби ноҳияи Ғарм диққати роҳбарияти ҷумҳуриро ба худ ҷалб кард. Захираҳои азими маъдани боксит дар чуқурии аз 20 метр то 850 метр ҷойгир шудаанд, дар таркиби худ 21% гилхок дорад. Дар натиҷаи тадқиқот олимон муайян карданд, ки маъдани кони Турпӣ барои истеҳсоли хокаи алюминий, семент ва якчанд намуди дигари маҳсулоти химиявӣ истифода бурда мешавад.
Ба мисли кони Турпӣ конҳои дар таркиби маъданаш боксит зиёд буда, дар қаторкӯҳҳои Ҳисор низ ёфт шуданд. Масалан, аз омехтаи кони ангишти Миёнаду ва кони ангишти Зиддӣ каолини баландсифат истеҳсол кардан мумкин аст.
Ҳамин тариқ, аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки сарзамини кӯҳистони мо сирру асрори худро оҳиста-оҳиста кушода истода, ба мову шумо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор