Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
фаҳмонданист, ки захираҳои маъданҳои ҳанӯз кашфнашуда ва ашёи хоми зиёди саноатӣ дар қаъри он ниҳонанд.
Мис . Вобаста ба ҳаҷми истеҳсол ва истеъмол - мис дар миқёси ҷаҳон баъд аз оҳан ва алюминий ҷои сеюмро ишғол мекунад. Дар натиҷаи тадқиқоти геологӣ дар табиат мавҷудияти 240 намуди омехтаи мис бо дигар минералҳо мушоҳида карда шудааст, ки бисёри онҳо ба монанди миси холиси табиӣ (100% мис), халкопират ё колҷедани мисӣ (омехтаи мис бо сулфид, ки дар таркибаш 35% мис дорад), ковеллин (сулфид, 66%), борнит (сулфиди мис ва оҳан, 55- 69%), калкозин ё ҷилоҳи мис (сулфид, 80%), куприт (оксид, 89%), малахит (карбонат, 57%), конҳои қуми мисдор, омехтаи мис бо маъдани регсанги мисӣ ва порфирӣ, кони колҷедан имрӯзҳо аҳамияти саноатӣ доранд.
Дар аввали соли 2001 захираҳои геологии маъдани мис дар ҷаҳон 860 млн. тонна тахмин карда шуда, 450 млн. тоннааш кашф шудааст.
Имрӯзҳо калонтарин давлатҳои истеҳсолкунандаи мис Ҳиндустон, Зимбабве, Замбия, Конго, ШМА, Россия, Канада, Полша, Югославия, Руминия, Чехия, Словакия ба шумори мераванд.
Солҳои охири асри ХХ боз яке аз захираҳои азими кони мис дар Покистон ёфт шуд, ки барои муайян намудани ҳаҷми он корҳои зиёди тадқиқотӣ анҷом дода шуда истодааст.
Мис ва маҳсулоти аз мис истеҳсолшаванда дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолот саноати электронӣ, воситаҳои алоқа, авиация, саноати мошинсозӣ, химия васеъ истифода бурда мешавад. Ду даҳсолаи охири асри ХХ ҳаҷми зиёди мис барои истеҳсоли дастгоҳҳои ҳисоббарории электронӣ, компютерҳо сарф карда шуд.
Бинобар наздикии вазни хос ва қобилияти физикӣ истифодаи мис дар соҳаи энергетика ва саноат, истеҳсоли молҳои рӯзгор бо қалъагӣ (биринҷӣ), мис ва руҳ (латун), мис ва никел (мелхиор) хеле хуб ба роҳ монда шудааст.
Мулоим будани мисро ба назар гирифта, дар давлатҳои
гуногуни дунё - Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон, давлатҳои
Осиё ва Осиёи Миёна ҳунармандони маҳаллӣ мисро дар алоҳидагӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор