Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

омехтаҳои дигари фулузот барои сохтани ашёҳои ороишӣ, сувенир, асбобҳои рӯзгор васеъ истифода мебаранд.

Ҳар сол дар миқёси ҷаҳон 8 млн. тонна мис истеҳсол карда мешавад ва тахмин шудааст, ки захираҳои кашфшудаи мис бояд ба 55 сол расанд. Албатта захираҳои дар ҷаҳон мавҷудбудаи мис пурра кашф нашудаанд ва минтақаҳои зиёде дар сартосари ҷаҳон ҳанӯз ҳам таҳти тадқиқоти геологӣ қарор дода нашудаанд.

Ҳудуди Тоҷикистон низ ба ин гурӯҳ дохил мешавад. Солҳое, ки Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, захираҳои тадқиқшуда ва нашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти шароити душвори ҷойгиршавиашон ва ба охир нарасидани даври ташаккул ба категорияҳои конҳои ҷавон дохил карда шуда, захираҳои онҳо барои наслҳои оянда пешбинӣ шуда буд, онҳоро ҳамчун эҳтиётӣ нигоҳ медоштанд. Ва мо имрӯз, ки давлати соҳибистиқлоли худро бунёд намуда истодаем, бояд тамоми захираҳои дар ҳудуди он мавҷудбударо барои пуркудрат намудани давлат истифода бурда, барои ояндаи худ шароити кофии иқтисодӣ ва молиявӣ муҳайё намоем.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо мис ҳангоми коркарди кони Қарамазор (дар шимоли Тоҷикистон) аз маъдани омехтаи висмут ва волфрам ҷудо карда гирифта мешавад. Дар натиҷаи тадқиқотҳои геологӣ захираҳои зиёди мис дар конҳои Чоруқдаррон ва Тарор муайян карда шудаанд. Дар ҷанубу ғарбии ҷумҳурӣ бошад, захираҳои азими омехтаи мис бо кобалту никел дар қаламрави Гишун майдони зиёда аз 3 млн. метри мураббаъро ишғол мекунад. Дар ВМКБ низ бо вуҷуди шароити душвори гузаронидани корҳои тадқиқотӣ конҳои азими омехтаи мис (Ширгтуган, Ҷорф, Хостав, Падкинов ва ғайра) муайян карда шудаанд. Дар байни конҳои номбурда кони Ширгтуган, ки дар болооби дарёи Обихингов, шимолтари ноҳияи Қалъаихумб ҷой гирифтааст, бо бузургӣ ва кушода будани худ фарқ мекунад. Дар маъдани ин кон мис бо омехтаи пирротин, халкопират, сфалерит, галенит, пирит мавҷуд аст. Маъдани ин кон дар таркиби худ як-ду фоиз мис дорад.

пешина
аз 785
навбатӣ