Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

Бояд зикр кард, ки бо вуҷуди дар солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ гузаронида шудани корҳои тадқиқотӣ оид ба муайян намудани сарватҳои зеризаминӣ, дар ин бахш муаммоҳои зиёде мавҷуд аст.

Масалан, то имрӯз захираҳои ҳаҷман калони ҷумҳурӣ барои фавран бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ муайян карда нашуданд; дар бобати пеш аз ҳама азхуд намудани конҳои тадқиқшудае, ки маъдани онҳо дар бозори ҷаҳонӣ талаботи зиёд дорад, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодҳо ирсол гардидаанд, таърифҳои беасоси сарватҳои зиёди тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо, мис, оҳан, ангиштсанг ва ғайра дар тӯли 10 соли истиқлолият асоснок карда нашудаанд, калиди бедор кардани ҳисси миллӣ, пеш аз ҳама вобаста ба ғанӣ ва пуркудрат намудани давлати худ ёфт нашудааст.

Дар ин асос мо бояд таҷрибаи давлати ҳамсоя - Ӯзбекистонро сармашқи худ намуда, бо меҳнати худ иқтисодиёти мамлакатамонро аз вобастагӣ ба ин ё он намуди мол, ашёи хом, сӯзишворӣ, қувваи барқ дар мӯҳлатҳои хеле кӯтоҳ раҳо намоем.

Сурб ва руҳ. Таърих ва сарчашмаҳои дастнависҳои Ассирия ва Урарту гувоҳӣ медиҳанд, ки одамизод истеҳсоли сурб ва руҳро 7-8 ҳазор сол пештар кашф кардааст. Қисми зиёди сурб аз қадимулайём барои истеҳсоли тир ва баъдан тири тӯп, нақшу нигори биноҳо, пулсозӣ ва аз асрҳои X сар карда, сурб дар дастгоҳҳои чоп васеъ истифода бурда шуда, то имрӯз ба дараҷаи баланди техникӣ расонида шудааст.

Асрҳои XIX ва XX бо дақиқ гардидани хусусиятҳои хоси сурб он дар истеҳсоли аккумуляторҳо, кабелҳо, истеҳсоли подшипникҳои саноатӣ истифода мешавад.

Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон ва истифода гардидани силоҳи ядроӣ тадқиқотҳои олимон муайян намуд, ки аз тамоми фулузоти мавҷуда сурб ягона металле мебошад, ки бинобар хусусиятҳои хоси худ инсонро аз таъсири нурҳои ултрабунафш муҳофизат карда метавонад.

Аз ин лиҳоз, дар нимаи дуюми асри XX давраи нави истифодаи сурб оғоз гардид. Сохтмони иншоотҳои барқии атомӣ.

пешина
аз 785
навбатӣ