Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
марказҳои махсуси илмию тадқиқотӣ майдонҳои вобаста ба тайёр намудани дастгоҳҳои парвози байникитьавӣ ва кайҳонӣ, либосҳои кайҳоннавардон, дастгоҳҳои тадқиқотӣ ва беҳдоштии рентгениро бе сурб ва руҳ тасаввур кардан дигар мумкин набуд.
Даҳсолаҳои охири асри ХХ бошад, омехтаи сурб ва латун, сурб бо биринҷӣ, руҳ бо биринҷӣ дар соҳаи саноати мошинсозӣ, истеҳсоли ранг ва бо мақсади дароз кардани давраи ҳаётии оҳан - руҳандуд кардани оҳан васеъ истифода бурда мешавад.
Олимон муайян намуданд, ки дар конҳое, ки сурб бошад, албатта руҳ ҳам албатта вуҷуд дорад. Аз ин ҷиҳат конҳои кашфшудаи сурбро конҳои омехтаи дорои маъдани сурбу руҳ меноманд. Дар таркиби омехтаи маъдани сурб дар бисёр ҳолатҳо руҳ бо тилло, нуқра, мис, кадмий, қалъагӣ, кобалт, висмут, сурма мушоҳида карда мешавад.
Вобаста ба зиёдшавии истифодаи сурб ҳаҷми истеҳсоли он сол аз сол меафзояд. Агар соли 1996 ҳаҷми истеҳсоли ҷаҳонии сурб 2,3 млн. тонна ва руҳ 5 млн. тоннаро ташкил намуда бошад, пас соли 2000-ум ин рақам ба 4,0 млн. тонна ва 6,3 млн. тонна расид. Арзиши ҳозираи як тонна сурб 500 доллари ШМА ва арзиши як тонна руҳ дар бозори ҷаҳонӣ 900 доллари амрикоиро ташкил менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои сурб ва руҳ дар ҷаҳон ҷои намоёнро ишғол мекунад.
Дар ҳудуди минтақаи Қарамазори вилояти Суғд зиёда аз 200 кон ва қисми кандашудаи кӯҳ бо захираи калони маъдани сурб ва руҳ муайян карда шудаанд.
Аз ҷамъи конҳо захираи 24 кони сурб пурра омӯхта шуда, мавқеи ҷойгиршавӣ ва таркиби маъдани он муайян карда шудааст.
Даҳҳо сол аст, ки аз 24 кон 8-тои он пурра ба истифода дода шудааст. Бояд қайд намоем, ки дар консентрати аз ин конҳо истеҳсолшаванда дар баробари сурб ва руҳ инчунин, тилло, нуқра, мис, кадмий, висмут, молибден, сурма ва флюорит низ мавҷуд аст, ки қимати конҳоро баланд мебардоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор