Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Баъд аз тадқиқотҳои зиёд олимон маҷмӯи конҳои Қарамазорро бузургтарин конҳои маъдани омехтаи саноатӣ ва фулузоти нодири Тоҷикистон ҳисобиданд.

Вобаста ба ҳудуди ҷойгиршавӣ ва сохтори геологӣ, кӯҳсори Қарамазор ба чор гурӯҳ тақсим карда шудааст: Олтинтопкан, Адрасмон, Консой, Қуруксой.

Гурӯҳи 1-ум - конҳои Олтинтопкан - кони Олтинтопкан, Сардоб, Чалата, Олтинтопкани Шимолӣ, Тошгезро, ки дар ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Қурама воқеъ гаштаанд, муттаҳид менамояд. Конҳои номбурда мувофиқи ҳаҷми захираҳояшон ба конҳои бузург (Олтинтопкан), кони миёна (Чалата, Сардоб, Олтинтопкани Шимолӣ) ва конҳои майда ҷудо карда шудаанд.

Маъдан асосан дар конҳои Олтинтопкан, Сардоб ва Чалата истеҳсол карда мешавад. Дар баробари сурб ва рух аз ин конҳо мис ва кадмий истеҳсол карда мешавад. Тадқиқотҳои солҳои охир нишон доданд, ки дар сурати ба роҳ мондани коркарди зеризаминӣ ояндаи ин конҳо хеле дурахшон хоҳад буд.

Ба гурӯҳи 2-юми кони Адрасмон - конҳои Замбарак, Конимансур, Конимансури нав, минтақаи меридианалӣ, Қаратошкутан, Чуқурчилга, ки дар пастхамии ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Қурама ҷой гирифтаанд, дохил мешаванд. Қариб ҳамаи конҳои номбурда захираҳои бузург ва ояндаи хуб доранд.

Ба гурӯҳи 3-юм конҳои минтақаи Консой (Кони марказӣ, Консой, Оқтош, Контоши шарқӣ), ки дар ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Қурама ҷойгир шудаанд, дохил мешаванд. Бояд қайд намоем, ки дар конҳои номбурда дар асрҳои VIII низ кӯҳканҳо нуқра, сурб, оҳан, мис ва тилло истеҳсол менамуданд. Конҳо ва туннелҳои кандаи онҳо то имрӯз боқӣ мондаанд. Имрӯзҳо дар конҳои номбурда корҳо хеле хуб ба роҳ монда шудаанд ва ҳаҷми истеҳсоли маъдан сол аз сол меафзояд. Кони Дарвозаи ҷанубӣ ва кони ба номи Шевчуковский бошад, бо сабаби тамом шудани захираҳои маъдан баста шудаанд.

Ба гурӯҳи 4-ум конҳои минтақаи Қуруксой (конҳои Қуруксой I ва II, Туранглӣ, Тутлӣ ва ғайра), ки дар нишебии қаторкӯҳҳои Қурама воқеъ гаштаанд, дохил мешаванд.

пешина
аз 785
навбатӣ