Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Тамоми маъдани аз конҳои номбурда истеҳсолшаванда дар ду комбинати Адрасмон коркард мешавад. Аз маҳсули конҳои Конимансур ва Замбарак дар комбинати якум маъдани тозакардашудаи сурб ва висмут истеҳсол карда шуда, аз конҳои Консой маъдани тозакардашудаи сурб ва рух истеҳсол карда мешавад. Дар маъданҳои истеҳсолнамудаи ҳар ду комбинат дар баробари сурб, рух ва висмут инчунин, нуқра, кадмий ва тилло низ мавҷуд аст. Дар баробари конҳои истифодашаванда дар кӯҳсори Тоҷикистон захираҳои зиёди сурб ва рух муайян карда шудаанд, ки то имрӯз истифодаи онҳо ба роҳ монда нашудааст.
Дар болооби дарёи Арчамайдон "Кони нуқра" кашф карда шудааст. Тадқиқот нишон дод, ки дар таркиби маъдани ин кон дар баробари галенит, сфаленит, пирит, халкопирит 3,25% сурб, 57% рух, инчунин дар як тонна маъдан 147,2 грамм нуқра мавҷуд аст. Болотар аз "Кони нуқра" захираи Хирғасанг воқеъ гаштааст, ки дар таркиби маъдани омехтаи он дар баробари оҳақсангу варақсанг ба миқдори кофӣ сурбу рух мавҷуд аст.
Дар солҳои шӯравӣ дар кӯҳҳои ҷанубу ғарбии Тоҷикистон низ конҳои Балҷувон, Санги сабз, Хоҷамастон, Иокунҷ кашф карда шуда буданд. Дар таркиби маъдани конҳои номбурда дар баробари галенит, сфалерит, смитсонит, гидросинкит, каламин ва сулфур маъдани сурб ва рух хеле зиёд аст. Олимон аниқ намуданд, ки танҳо дар кони Балҷувон захираи 1,2 млн. тонна сурб ва 1,4 млн. тонна рух мавҷуд аст.
Дар қаламрави ВМБК низ шумораи зиёди конҳои маъдани сурб ва рух муайян карда шудаанд, ки дар байни онҳо бо дарназардошти ҳаҷми калони захираи маъдан диққати олимонро кони Гунябой ба худ ҷалб намуд. Дарозии захираи маъдани ин кон бо ғафсии 300 метр зиёда аз 1 километрро ташкил менамояд. Сурб ва рух бо сфалерит, галенит, пирит ва киновар омехта мебошад.
Висмут. Тадқиқотҳои геологӣ нишон доданд, ки сарзамини Тоҷикистон дорои захираҳои зиёди висмут мебошад. Висмут аз дигар намудҳои маъданҳои дар Тоҷикистон мавҷудбуда бо ранги сафеди тобиши гулобидори худ фарқ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор