Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дар Россия, 71 тонна дар Ӯзбекистон, 3,5 тонна дар Тоҷикистон истеҳсол карда шудааст.

Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар сол зиёда 300 тонна тилло истеҳсол карда мешуд. Аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсоли тилло ИҶШС баъд аз Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол мекард.

Соли 1985 захираи тиллои ИҶШС 720 тоннаро ташкил мекард.
Бояд қайд намуд, ки танҳо дар натиҷаи ислоҳоти иқтисодие, ки аз соли 1985 то декабри соли 1991 муташаккилона ҷараён дошт, ҳаҷми захираи тиллои Иттиҳоди Шӯравӣ 2 маротиба кам шуда, соли 1991 ҳамагӣ 485 тоннаро ташкил намуд.

Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ, қисми зиёди конҳои амалкунандаи он дар ҳудуди давлатҳои навбунёди аъзои ИДМ монданд. Дар муддати даҳ соли охири асри XX танҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳаҷми истеҳсоли тилло аз конҳои пештар зери назорати Иттиҳоди Шӯравӣ буда ва навкашфуда дар як сол ба 110 тонна расонида шуд.

Ин сиёсат дар солҳои аввали мустақилият низ дигар нашуд.
Январи соли 1993 захираи тиллои Федерацияи Россия ҳамагӣ 305 тоннаро ташкил намуда, аз ҷиҳати ҳаҷми захираи тилло дар ҷаҳон ҷои 17-умро ишғол мекард.

То январи соли 1995 захираи расмии тиллои Федерацияи Россия 321,8 тоннаро ташкил намуд, ки аз он 189 тонна, агар дар Бонки марказии Федерацияи Россия нигоҳ дошта шавад, 132,8 тоннаи он дар хазинаҳои кумитаҳои Федерацияи Россия оид ба фулузот ва сангҳои қиматбаҳо нигоҳ дошта мешавад. Аввали соли 1999 бошад, ҳаҷми он нисбатан афзуда, 400 тоннаро ташкил намуд. Ин ҳаҷм нисбат ба захираи тиллои ШМА дар он сол 27 маротиба кам буд.

Албатта, барои чунин давлати бузург ба мисли Федерацияи Россия бо захираҳои азими кашфшудааш, чунин захира хеле кам аст ва маълум аст, ки таъсири манфии худро дар бисёр шоҳаҳои иқтисодиёти ин мамлакат мерасонад.

Дар ҳудуди Тоҷикистони соҳибистиқлол тилло аз давраҳои
қадим маълум аст. Аҷдодони мо дар асри VI пеш аз мелод тиллоро ба
сифати ашёи ороишӣ истифода мебурданд. Вобаста ба ин истеҳсоли

пешина
аз 785
навбатӣ