Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
тилло низ таърихи қадима дорад. Чоҳҳою туннелҳои дастӣ кандаи онҳо чун осори аҷдодони қадимаи мо то имрӯз дар Дарвоз, Помири марказӣ ва кӯҳҳои Курама нигоҳ дошта мешавад.
Дар давлати Сомониён бошад, дар баробари ҷудо намудани майдарезаҳои тилло усулҳои нави аз маъданҳои омехтаи нуқра, мис ва оҳан гирифтани тиллоро кашф намуда буданд.
Дар китоби "Куллиёт доир ба шинохтани ҷавоҳирот"-и Абурайҳони Берунӣ (973-1048) маълум карда шудааст, ки дар дараи кӯҳистони Рашт парчаи худруи тиллои холис ёфт шудааст, ки вазни он 32 килою 430 граммро ташкил додааст. Дар дараи Шоҳи Вахон (ҷануби Помир) бо вазни 24 кг 360 грамм, дар болооби дарёи Панҷ (Шуғнон) бо вазни 5 кг 684 грамм тиллои холис ёфт шудааст.
Қариб дар тамоми дарёҳои Тоҷикистон тилло мавҷуд аст ва дар давраҳои пеш онро ба таври дастӣ истеҳсол мекарданд.
Тоҷикон дар тӯли асрҳо реги тиллодорро дар пӯсти гӯсфанд ва намад шуста, тиллоро ҳосил мекарданд. Беҳуда нест, ки аҷдодони мо яке аз дарёҳоро Зарафшон номидаанд. Аз ин сабаб баъди кишту кор дар тамоми ноҳияҳои кӯҳсори Тоҷикистон мардум ба шустани тилло машғул мешуданд. Бо ин усул дар муддати чандин асрҳо тиллои зиёд ҷамъ карда шуда, аз тарси ҳуҷумҳои пай дар пай ва ғорат хазина карда мешуд.
Бояд қайд кард, ки "Хазинаи Амударё", ки дар соли 1877 дар шаҳрчаи Тахти Қубоди ноҳияи Қабодиён ёфт шудааст, имрӯз дар музеи Лондон маҳфуз аст.
Истеҳсоли тилло дар қаламрави Тоҷикистон чӣ аз тарафи шахсони алоҳида ва чӣ аз тарафи давлатдорон дар тӯли чандин солҳои зиёд ба роҳ монда шуда буд. Соли 1894 аввалин маротиба бо иҷозатномаи махсус истихроҷи саноатии тилло дар дарёи Панҷ ва ноҳияи Балҷувон сар шуд. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи тилло аз тарафи шахсони алоҳида вобаста ба ҷои интихобнамудаи онҳо аз 4 то 20 килограммро ташкил мекард. Тамоми фасли сол дар бозорҳои ноҳияи Ховалинг шахсони алоҳида то 4 кг тилло мефурӯхтанд.
Соли 1910 аввалин маротиба барои ба танзим даровардани кофтуков ва истеҳсоли тилло дар ноҳияҳои ҷанубии аморати Бухоро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор