Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ширкати кони тиллои Помир бунёд карда шуд, ки он дар дарёи Кӯксу корҳои зиёди кофтакувию тадқиқотӣ гузаронид.

Соли 1926, баъд аз пурра барқарор шудани Ҳукумати Шӯравӣ, бо мақсади муттаҳид намудани заршӯёне, ки дар қаламрави Тоҷикистон ба шустан ва истеҳсоли тилло сару кор доштанд, аввалин Шӯрои иттиҳоди кооперативии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Соли 1932 дар шаҳри Тошкент трести махсусгардонидашудаи «Южцветметзолото» бунёд карда шуд, ки Шӯрои кооперативии Тоҷикистон пурра ба он итоат мекард.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади вусъатбахшии корҳои тадқиқотӣ ва бо истифодаи таҷҳизоти замонавии илмию техникӣ пурра дақиқ намудани ҳаҷми захираҳои конҳои тиллои кашфшуда, соли 1968 корхонаи "Тоҷикзолото"-ро ("Тиллои тоҷик") таъсис дод. Корхонаи номбурда дар муддати солҳои фаъолияти худ дар баробари ба тартиб даровардани харитаи захираҳои мавҷудаи тиллои тоҷик, муайян намудани ҳаҷми тиллои холиси ҳар як кон, тайёр кардани конҳо барои ба роҳ мондани истеҳсолоти саноатӣ, корҳои зиёдро оид ба тайёр кардани мутахассисони ин соҳа ба анҷом расонид. Таҳти роҳбарии корхонаи "Тиллои тоҷик" ҳаҷми истеҳсоли солонаи тиллои холис зиёда аз ду тоннаро ташкил намуд. Дар тӯли солҳои 1986-1991 бошад, ин корхона ҳамагӣ 14841 кг тилло истеҳсол кард. Соли аз ҳама бобарор соли 1990 буд, ки дар ин сол 2934 кг тилло истеҳсол карда шуд. Қисми зиёди тилло (2550 кг) танҳо аз кони Дарвоз ба даст оварда шуд. Аз соли 1992 то соли 1996 ҳаҷми истеҳсоли тилло бо сабаби тезу тунд шудани вазъи сиёсии мамлакат якбора кам шуд. Бисёр мутахассисони пуртаҷрибаи ин соҳа аз сабаби вазъи ноороми Тоҷикистон, ба ҷумҳуриҳои дигари ҳамсоя паноҳ бурданд. Маълум буд, ки бисёри онҳо қисми зиёди таҷҳизоти ин соҳаро аз ҳудуди Тоҷикистон бурданд. Агар соли 1992 ҳаҷми истеҳсоли тилло ҳамагӣ 705 кг ташкил карда бошад, соли 1993 ҳаҷми истеҳсол ҳамагӣ 294 кг- ро ташкил намуду халос.

Бо мӯътадил гаштани вазъи сиёсии мамлакат ба конҳои кашфшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатҳои тараққинамудаи дунё таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Соли 1995 баъд аз музокираҳои зиёд дар

пешина
аз 785
навбатӣ