Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа аввалин корхонаи муштараки Тоҷикистону Британияи Кабир бо номи "Зарафшон" ва охирҳои соли 1996 бошад, корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада бо номи "Апрелевка" ба қайд гирифта шуд.
Баъд аз як соли корҳои тайёр ва омодасозии дастгоҳҳои ҳозиразамони ин соҳа истеҳсоли тилло сар шуд. Соли 1996 ҷамъ 1500 кг тилло истеҳсол карда шуд, ки 1252 кг он ба кони Зарафшон ва 248 килограмми он ба кони "Дарвоз" рост меомад.
Соли 1997 истеҳсоли тилло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 3 тонна расонида шуд. Дар ин сол аввалин 200 кило тиллои корхонаи муштараки "Апрелевка" низ истеҳсол карда шуд.
Фаъолияти хуби корхонаи муштараки Тоҷикистону Британияи Кабирро ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ҳуқуқи фавқулоддаи (эксклюзивии) азхуд намудани конҳои дар минтақаи марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон ҷойгиршударо дод.
Мувофиқи тадқиқоти бисёрсолаи геологӣ аввали соли 2001 мавҷудияти 28 кони тилло дар Тоҷикистон, ки захираи умумии тиллои холиси онҳо зиёда аз 430 тонна тахмин шудааст, тасдиқ шуд. Тадқиқоти геологӣ нишон дод, ки асоси пайдоиши конҳои тиллои Тоҷикистон аз гурӯҳи маъданҳои магматикӣ (гранит, гранодиорит, диорит) ва ба ин гурӯҳ бо хусусиятҳои химиявӣ ва физикӣ наздикӣ доштани захираҳои квартсие, ки аз ҳарорати баланд ба вуҷуд омадаанд, вобастагӣ доранд.
Тиллои холис дар чунин конҳо дар омехтаи маъдани сулфур, колчедани пирит дар ранги зарди равшан дида мешавад. Металли нодир (тилло) дар кӯҳсорони Тоҷикистон дар маъданҳои волфрам, сурб, марги муш, оҳан ва рух низ дида мешавад.
Захираҳои асосии тиллои Тоҷикистон (89%-и он) дар минтақаи Тоҷикистони марказӣ, дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, 8%-и он дар шимоли Тоҷикистон ва 3%-и он дар Помир ҷойгиранд.
Дар баробари фаъолияти пурсамари комбинати тиллои Тарор дар асоси истифодаи конҳои Ҷилав, Тарор дар водии Зарафшон конҳои тиллои Чоре, Шаҳбоз, Қумманор кашф карда шудаанд, ки захираи онҳо ба корхонаҳои навбунёд то садсолаҳо мерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор