Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Кӯҳсори Қаромазор бо конҳои зиёди тиллои худ метавонад дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузурге бозад. Имрӯзҳо ба олимони тоҷик конҳои зерини ин диёр бо номи "Апрелевка", "Қизилчеку", "Бургунда", "Школьное" ва "Иккижелон" бо захираи ҳар кадом то 8 тонна тиллои холис маълум аст.
Солҳои охир истеҳсоли тилло дар кони "Школьное", "Апрелевка", "Бургунда" ва "Қизилчеку" ба роҳ монда шудааст. Аз ин конҳо дар баробари тилло ҳаҷми зиёди нуқра низ истеҳсол карда мешавад.
Олимон аниқ намуданд, ки дар кӯҳсори Зарафшон қабати махсуси маъдани тилло ҷой гирифтааст, ки дарозии он зиёда аз 15 километрро ташкил намуда, ҳудуди он қисман шимол ва ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисорро низ дар бар мегирад.
Дар ин хат имрӯзҳо конҳои Ҷилав, Мосриф, Рарз, Чоре, Майхӯра, Сиёма, Шутургардан, Газар воқеъ гаштаанд.
Конҳои водии Зарафшон ва қисман шимоли қаторкӯҳи Ҳисор вобаста ба захираи тиллои холисашон ба ду гурӯҳ тақсим карда шудаанд:
конҳои миёна (Ҷилав, Тарор, Ғиҷдарва) бо захираи аз 8 то 20 тонна тилло;
конҳои калон (Шаҳбоз, Учкӯл, Қуми Манор, Кумарги Боло, Чоре, Дуобаи шарқӣ) бо захираи аз 20 тонна зиёд.
Албатта пӯшида нест, ки конҳои тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои душворгузар воқеъ гашта, аз инсон илму дониш ва заҳмати зиёдеро талаб мекунанд.
Тадқиқотҳои солҳои охир мавҷуд будани захираҳои зиёди тиллоро дар қаторкӯҳи Ҳисор тасдиқ намуданд. Бо вуҷуди пурра дақиқ нашудани конҳои Яғноб, Анзоб, Пакрут, Ғориф, Луфиғар, ки пайдоиши онҳо тахминан 25-30 млн. солро ташкил менамояд, маълум аст, ки ҳаҷми захираи онҳо хеле зиёд аст.
Тавре ки дар боло гуфта гузаштем, дарёҳо кушодадиҳандаи сирру асрори конҳои тиллои Тоҷикистон мебошанд. Геологҳои тоҷик дар омехтаи конгломерат ва гравелити ҳавзаи дарёи Шинг, болооби дарёи Қаратоғ мавҷудияти то 4,5-5 грамм тиллои холисро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор