Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
муайян намуданд. Дар реги зери оби дарёи Кофарниҳон, Вахш, Амударё, Яхсу, Ҳингов, Сурхоб, Панҷ ва бисёр дарёҳои дигари ҷумҳурӣ зарраҳои хурди тилло дида мешаванд, ки ҷудо намудани онҳо бо дастгоҳҳои ҳозиразамон хеле душвор аст.
Тиллои ҳавзаи Яхсу дар байни тиллоҳои конҳои дигар тиллои дорои маҳаки баланд (890-963) ба шумор меравад. Оби дарёҳои тезоби Яхсу, Бомовле, Сафеддара, Мучканиён захираи тиллои болооби худро канда, дар поёноби худ захираи бузурги маъдани тиллоро ба вуҷуд меоварданд, ки дар асоси он имрӯз корхонаи муштараки "Дарвоз" фаъолият менамояд.
Тадқиқотҳои геологӣ нишон дод, ки дарозии умумии дарёҳои номбурда зиёда аз 28,5 километрро ташкил менамояд. Ҳар як метри мукааб реги ин дарёҳо аз 1 то 5 грамм тилло дорад.
Ҳамаи ин гуфтаҳо гувоҳи аз захираи тилло беҳад бой будани сарзамини Тоҷикистон мебошанд.
Вақти он расидааст, ки барои ҳарчи тезтар бо тилло ғанӣ гардонидани хазинаи давлатии Тоҷикистон, корҳои кофтуковии геологиро идома дода, истеҳсоли саноатии онро дар конҳои кашфшуда фавран ба роҳ мондан лозим аст.
Қисми зиёди тиллои сарзамини моро дарёҳои Зарафшон, Вахш ва Панҷ шуста мебаранд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тилло ғанӣ будани дарёи Зарафшонро ба назар гирифта, истеҳсоли онро дар поёноби он хеле хуб ба роҳ мондааст.
Олимони тоҷик захираи зиёди тиллоро дар кӯҳистони Помир низ муайян намуданд. Ду минтақаи беҳад калони захираи маъдани тилло бо номи минтақаи Помири Шимолӣ ва минтақаи Рӯшону Пшарт қариб тамоми захираҳои вилояти Бадахшонро муттаҳид менамоянд.
Минтақаи якуми маъдани тилло аз Дарвози Помир то ҷанубу ғарбии сарзамини Афғонистон ва аз шарқ то Хитой дар масофаи 300 км тӯл мекашад.
Минтақаи дуюми маъдани тилло аз ҳудуди Рангкӯл то қаторкӯҳҳои Язгулом тӯл мекашад. Дар ин хат кони тиллои Рангкӯл, Сауксой, Карачилгаи ғарбии Пшарт кашф карда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор