Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Аз ин конҳои номбурда дар кони Рангкӯл солҳои дароз маъдани тиллои саноатӣ истеҳсол карда мешуд. Конҳои тиллои пароканда бошад, ба аҳолии ҳар як деҳа маълум буданд. Аҳолӣ тиллои парокандаро қад-қади соҳили дарёи Хаврездара, Кудара, Пшарти ғарбӣ ва Сасиқ бо усулҳои гуногун мегирифт.
Нуқра. Нуқра дар баробари тилло аз қадим дар ҳаёти инсон нақши бузург бозида, то замони мо аҳамияти худро гум накардааст.
Аҷдодони мо нуқраро барои ороиш додани ҷойҳои муқаддас, дарбори шоҳон ва биноҳои истифодаи умум, истиқоматгоҳҳои дарбориён, тайёр намудани зарфҳои гуногун васеъ истифода мебурданд. Бинобар доштани хусусияти нест кардани бактерия одамон захираи обу шаробро дар зарфҳои нуқрагин нигоҳ медоштанд.
Оби дар зарфи нуқрагин нигоҳдоштаро аксарияти миллатҳои ҷаҳон ҳамчун оби шифобахш барои барқарор намудани саломатӣ истифода мебурданд. Аз тарафи дигар, афзалияти нуқра пеш аз ҳама дар он буд, ки бештари давлатҳои дунё дар муомилоти дохилии худ нуқраро ҳамчун воҳиди пул истифода мебурданд.
Дар нимаи дуюми асри XX нуқраро дар соҳаи электроника ва саноати атом васеъ истифода мебурданд.
Олимон муайян намудаанд, ки дар табиат зиёда аз 55 намуди омехтаи маъданҳои нуқрадор мавҷуд аст, ки аз онҳо ҳамагӣ се намуд қобили истифодаи саноатӣ мебошанд: нуқраи холис, аргентит (ҷилоҳи нуқра) - омехтаи 23%-ӣ сулфиди нуқра, кераргидрит (нуқраи хлордор 79%).
Дар табиат нуқра дар алоҳидагӣ хеле кам вомехӯрад. Нуқраро бештар бо роҳи истеҳсоли саноатӣ аз маъдани тилло, сурб, рух, мис, никел, сурма ҷудо мекунанд.
Захираҳои умумии нуқраи дунё то ҳоло пурра аниқ карда нашудаанд. Захираҳои нуқраи ҷаҳони капиталистӣ бошад, соли 1987 дар ҳаҷми 3,5 млн. тонна тахмин карда шуданд. Ҳар сол дар ҷаҳон 13,5 ҳазор тонна нуқра истеҳсол карда мешавад, ки бештари он барои истеҳсоли ҷавоҳирот ва зарфҳои рӯзгор истифода мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор