Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои бузурги нуқра ба қатори 10 давлати пешсафи ҷаҳон дохил мешавад.

Танҳо захираҳои дақиқшудаи конҳои нуқраи сарзамини Тоҷикистон, аз ҷумла, Канҷол (575 тонна нуқраи холис), Четсу (460 т), Боярбек (350 т), Кони Мансури калон (51264 т), Миркант (1500 т) ва Симич (2650 т), дар конҳои Тукузбулок (380 т) ва Зурчерсаки (300 т) ВМКБ вобаста ба ҳаҷми истеҳсоли солонаи нуқра (50 т) ба 150 сол мерасад.

Аммо бояд қайд кард, ки бо вуҷуди захираҳои азими нуқра ва истеҳсолоти бароҳмондашуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳоло ягон корхонаи коркарди нуқра ба роҳ монда нашудааст. Тамоми нуқраи истеҳсолшуда ба тариқи блумс (чорхишта) аз Тоҷикистон бо нархи як тонна 125 ҳазор доллари ШМА содир карда мешавад.

§12.2. Захираҳои замин, об ва ҷангал

Захираҳои замин. Дар даҳсолаҳои охири асри XX дар натиҷаи истифодаи имкониятҳои кайҳон аз нав дақиқ карда шуд, ки майдони болоии курраи замин 510 млн. км мураббаъро ташкил медиҳад. Дарёҳо, обанборҳо, кӯҳсору биёбонҳо, ҷангал ва заминҳои корам 149 млн. км мураббаъ ва баҳрҳою уқёнусҳо 361 млн. км мураббаъро ташкил мекунанд.

Ҳаҷми умумии майдони захираи замини ҷаҳон ба ғайр аз минтақаҳои яхбастаи Арктика ва Антарктика 1 январи соли 2000 134 млн. км мураббаъро ташкил менамояд.

Дар маҷмӯи фонди замини ҷаҳон: 11%-ро заминҳои коркардшаванда (замини кишт, боғу токзор);

23% - марғзор ва чарогоҳ;

30%- ҷангал;

3%- ландшафти антропогенӣ (ҷои истиқомати аҳолӣ, ҳудуди корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои нақлиётӣ);

33% - заминҳои каммаҳсул (биёбон, ботлоқ, ҳудуди минтақаҳои экстремалии аз ҳад хунук ва ё кӯҳҳои баланд) ишғол менамоянд, ки

пешина
аз 785
навбатӣ