Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

14,74 млн. км мураббаи (1474 млн. га) онро маргзорҳо ва чарогоҳҳо ишғол менамоянд.

Ҳоло ҳаҷми умумии майдони киштзори ҷаҳон 48,1 млн. км мураббаъ ё ин ки 4,81 млрд. гектарро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намоем, ки сол аз сол бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ захираи ҷаҳонии замин кам мешавад. Ин тамоил хоҳу нохоҳ боиси камшавии ҳаҷми заминҳои корам мегардад. Ҳудуди заминҳои коркардшавандаро, агар аз як тараф обхезиҳои пай дар пай шуста ба коми худ фурӯ баранд, аз тарафи дигар бинобар беобӣ паҳн шудани рег ва ба биёбон табдил ёфтани заминҳои корам дар якчанд қитъаи дунё мушоҳида карда мешавад.

Дар қитъаҳои алоҳидаи курраи замин вобаста ба шароити табиии онҳо ҳаҷми аз ҳама зиёди замини киштшаванда дар ШМА - 185 млн. гектарро мекунад, Ҳиндустон бо 160 млн. гектар ҷои дуюм, Федерацияи Россия - 134 млн. гектар ҷои сеюм, Хитой - 95 млн. гектар ҷои чорум, Канада - 46 млн. гектар ҷои 5-ум, Қазоқистон - 36 млн. гектар ҷои 6-ум ва Украина бо 34 млн. гектар ҷои 7-умро ишғол менамояд.

Тоҷикистон кишвари кӯҳҳои сар ба фалак, ҳазорҳо пиряхҳои доимӣ, захираи азими оби нӯшокӣ, кӯлҳои зиёд, дарёҳои пуртуғён, ҷангалу биёбон буда, ҳудуди он ҳамагӣ 143,1 ҳазор километри мураббаъро ташкил менамоянд.

Ҳудуди мамлакат аз Шарқ ба Ғарб ба масофаи 700 км ва аз шимол ба ҷануб ба масофаи 350 км тӯл кашидааст. 93%-и ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳсор ва ҳамагӣ 7%-и онро ҳамвориҳо ташкил медиҳанд.

Аз соли 1992 то соли 2001 масоҳати умумии заминҳо тағйир наёфта, дар ҳаҷми 14254,5 ҳазор гектар боқӣ мондааст. Бинобар ноҳамвории релефи табиат ба ҳисоби миёна 79%-и заминҳоро чарогоҳҳо, 13%-и онро заминҳои кишт, 2%-ро боғу токзор, 1%-ро ҳудуди захираҳои табиӣ ташкил менамоянд. Бояд таъкид намуд, ки дар нишондиҳандаҳои ҳаҷми масоҳати заминҳои кишт сол аз сол тамоили камшавӣ мушоҳида мешавад. Масалан, агар соли 1995 ҷамъи заминҳои корам (киштзор, боғу токзор, заминҳои алафдарав

пешина
аз 785
навбатӣ