Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ва чарогоҳҳо) 4280,0 ҳазор гектарро ташкил намуда бошад, пас соли 2000 ин рақам ба 4123,1 ҳазор га поён омад.
Дар панҷ соли охир дар бобати бо маҳсулоти ғалладонаи истеҳсоли маҳаллӣ таъмин намудани аҳолии Тоҷикистон корҳои зиёде ба анҷом расонида шуд. Масоҳати кишти замини зироати ғалладона аз 263,8 ҳазор гектар дар соли 1992 то ба 457,1 ҳазор гектар дар соли 2000 расонида шуд. Дар ин давра ба кишти ғалла ва шолипарварӣ эътибори махсус дода шуд. Агар ҳаҷми замини кишти шолӣ дар тӯли 10 соли охир 1,5 маротиба зиёд шуда бошад, пас кишти гандум 2 маротиба афзуда, ба 339,1 га расид. Дар муддати кӯтоҳ тамоми заминҳои бекорхобидаи теппаҳои назди соҳилҳои дарёҳо, заминҳои каммаҳсул ба оилаҳои серфарзанд тақсим карда дода шуданд. Албатта чунин иқдом дар муддати кӯтоҳ натиҷаҳои назаррас дод. Соли 1998 ҷамъоварии умумии зироати ғалладона 500 ҳазор тоннаро ташкил намуд, ки ин қариб 70%-и талаботи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ғалла метавонад таъмин намояд. Лекин бояд қайд намоем, ки дар ин давра (1992-1998) майдони кишти зироатҳои техникӣ, аз ҷумла пахта 38 ҳазор гектар кам шуда, соли 1998 ҳамагӣ 247,3 ҳазор гектарро ташкил намуд. Чунин амал дар тӯли 8 сол боиси 130 ҳазор тонна кам шудани ҳаҷми истеҳсоли пахта гардид. Агар соли 1992 бо вуҷуди тезутунд будани вазъи сиёсии мамлакат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 514 ҳазор тонна пахта истеҳсол гардида бошад, пас соли 1998 ҳаҷми он ҳамагӣ 384 ҳазор тоннаро ташкил дод. Бо саршавии асри нав асри XXI миллати тоҷик бояд аз як гиребон сар бароварда барои ҳарчи бештар самаранок истифода бурдани замин кӯшишу ғайрат намуда, ҳиссаи худро барои ҳарчи бештар зиёд намудани масоҳати он гузаронанд.
Захираҳои об. Олимон муайян намуданд, ки захираи умумии
оби сайёраи мо 1386 млн. километри мукаабро ташкил менамояд, ки
аз он 95,6%-ро обҳои шӯри баҳрҳо ва уқёнусҳо, 1 фоизашро обҳои
шӯри зеризаминӣ ва ҳамагӣ 3,4%-ро обҳои зулоли ширини дарёҳо
ташкил медиҳанд. Бояд ёдовар шавем, ки ҳар сол 73,5%-и оби
нӯшокии қитъаи рӯи замин дар натиҷаи протсессҳои гидросфераи
табиат (боридани барфу борон, жола ва доимо дар фазо ҷамъ шудани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор