Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
абрҳои зиёде, ки дар асл захираи оби рӯи замин ҳисоб мешаванд) аз нав барқарор карда мешавад. Аз ин ҷиҳат дар рӯи замин захираи доимии обҳои дар ихтиёри одамизод буда ҳамагӣ 0,3%-и ҳаҷми обҳои зулолро ташкил медиҳанд. Сарчашмаи асосии обҳои нӯшокӣ дар рӯи замин дарёҳо буда, ки захираи солонаи оби онҳо 47 ҳазор км мукаабро ташкил менамояд. Албатта, вобаста ба ҳаҷми боришоти солона захираи об низ зиёду кам мешавад. Бо вуҷуди қариб дар як сатҳ мондани захираҳои оби ҷаҳонӣ ҳаҷми солонаи истифодаи он бинобар зиёд шудани майдони заминҳои корам, бунёди корхонаҳои азиме, ки дар истеҳсолоти худ ба миқдори хеле зиёд об истифода мебаранд, зиёд шудани шумораи аҳолӣ сол аз сол меафзояд. Агар соли 1950 тамоми хароҷоти оби қитъаи замин 1100 км мукаабро ташкил намуда бошад, соли 1980 - 3300 км мукааб, соли 1990 - 4100 км мукааб ва соли 2000 - 5300 км мукаабро ташкил намуд. Дар байни давлатҳои қитъаи ҷаҳон вобаста ба ҳаҷми хароҷоти оби ошомиданӣ ҷои аввалро ШМА -550 км мукааб дар як сол ва ҷои дуюмро Федерасияи Россия - 100 км мукааб ишғол менамояд. Дар маҷмӯъ истифодаи захираҳои мавҷудаи оби нӯшокӣ дар сайёраи мо дар соли 2001 аз чор як ҳиссаро ташкил намуд, ки ин маънои "бонги хатар задан"-ро дорад. Албатта захираҳои мавҷудаи оби нӯшокӣ барои насли мо то охирҳои асри XXI мерасад, аммо ин маънои онро надорад, ки мо захираҳои мавҷударо, чи тавре ки хоҳем сарф намоем, бо фаъолияти кории худ дар соҳаи саноати вазнин, химия оби зулодро заҳролуд намоем. "Бонги хатар" ҳар як фарди ин сайёраро бояд водор намояд, ки ӯ ҳамеша дар фикри бо об таъмин намудани насли оянда бошад.
Дар даҳ соли охири асри XX маълум гашт, ки 69%-и оби мавҷударо дар ҷаҳон соҳаи кишоварзӣ, 21%-ро корхонаҳои истеҳсолӣ, 6%-ро хоҷагиҳои коммуналӣ истифода мебаранд ва 4%-и боқимондаи он дар обанборҳо нигоҳ дошта мешавад. Вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии давлат, муҳити табиати он дараҷаи истеҳсолот ва ҳаҷми заминҳои корам истифодаи об дар минтақаҳои гуногун фарқ мекунанд. Масалан, дар Федерасияи Россия бо вуҷуди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор