Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
бузургии худуди давлат бинобар зиёд будани намнокии иқлими он хароҷоти оби нӯшокӣ миқдори ночизеро ташкил менамояд.
Дараҷаи баланди истифодаи об дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи Миср (97,1%) ва Исроил (84,4%) таъмин карда шудааст. Дар бисёр давлатҳои Шарқи Наздик ва Араб ба об чун ба муъҷиза ва муқаддастарин неъмат муносибат менамоянд. Истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ - боғдорӣ тавассути компьютер назорат карда мешавад. Оби нӯшокиро барои таъмини аҳолии худ аз дигар давлатҳо ворид менамоянд. Як шиша оби нӯшокии 0,33 л дар давлатҳои Араб як доллари амрикоӣ арзиш дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба қадри об он қадар намерасанд. Олимони соҳаи геология муайян намудаанд, ки дар Тоҷикистон 8492 пиряхи хурду бузурги чандинҳазорсола мавҷуд аст, ки масоҳати умумии онҳо зиёда аз 9000 км мураббаъро ташкил менамояд. Онҳо якҷоя бо пиряхҳои Қирғизистон манбаи асосии захираҳои оби нӯшокии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар он имрӯзҳо зиёда аз 60 млн. аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, ба шумор мераванд. Бо истифода аз ин об дар ин минтақа 9 млн. га замин дар ҳавзаи Амударё ва 6 млн. га замин дар ҳавзаи Сирдарё обёрӣ карда мешаванд. Пиряхҳо 6%-и ҳудуди сарзамини кӯҳистони тоҷикро ишғол намуда, зиёда аз 500 км мукааб обро захира мекунанд. Танҳо масоҳати пиряхҳои Помир 360 км мураббаъ буда, ҳаҷми обе, ки онҳо захира менамоянд, аз ҳаҷми солонаи оби ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон 30 маротиба зиёд мебошад. Захираҳои оби Тоҷикистон бо ин маҳдуд намешаванд. Бояд таъкид намоем, ки дар ҳудуди Тоҷикистон 1300 кӯлҳои майда ва калон мавҷуд ҳастанд. Масоҳати умумии кӯлҳо 705 км мураббаъ ва захираи оби зулолу шаффофи онҳо ҳамагӣ 44 км мукаабро ташкил менамояд. Захираҳои зиёди оби ин кӯлҳо, пиряхҳо ва барфҳои қисман обшуда зиёда аз 947 дарёро ташкил медиҳанд, ки дарозии умумии онҳо 28500 км мебошад. Олимон муайян кардаанд, ки ҳар сол ба тариқи дарёҳои хурд ва бузурги Тоҷикистон зиёда аз 52,2 км мукааб об ҷорӣ мешавад. Барои самаранок истифода бурдани қувваи ин дарёҳо дар маҷрои баъзеи онҳо дар натиҷаи бунёди нерӯгоҳи барқӣ обанборҳои ҳаҷман миёна ва бузург, ба монандӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор