Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
обанбори Мӯъминобод, Катасой, Қайроқум ва Норак бунёд карда шудаанд. Танҳо дар маҷрои дарёи Вахш сохтмони обанбори Роғун бо 14 км мукааб захираи об, обанбори Шӯроб бо 0,05 км мукааб захираи об, обанбори Норак 10,5 км мукааб захираи об, обанбори Бойғозӣ бо 0,12 км мукааб захираи об, Сангтӯда-1 - 0,250 км мукааб, Сангтӯда-2 - 0,075 км мукааб, обанбори "Сарбанд" - 0,095 км мукааб, обанбори "Шаршара" - 0,05 км мукааб, "Марказӣ" - 0,05 км мукааб бунёд ба нақша гирифта шудаанд. (Ҷадвали №21)
Дар баробари дарёи Вахш яке аз дарёҳои пуриқтидор дарёи Панҷ ба шумор меравад. Ин дарёи азим дар баробари таъмини фаъолияти пурсамари канали бузурги Туркманистон заминҳои зиёди ҳосилхез ва аҳолии ноҳияҳои ҷануби Ӯзбекистонро бо об таъмин мекунад.
Солҳои 1985-86 аз тарафи ташкилоти лоиҳакашии иншоотҳои барқии Иттиҳоди Шӯравӣ - САО "Гидропроект" барномаи дарёи Панҷ омода карда шуда буд, ки мувофиқи он барои таъмини истифодаи сарфакоронаи маҷрои ин дарё бояд дар баробари бунёди чор нерӯгоҳи барқӣ обанборҳо низ бунёд карда мешуданд.
Ҷадвали №21
Нишондиҳандаҳои асосии иншоотҳои барқӣ дар дарёи Вахш (соли 2000)
| Иншоотҳои барқӣ | Фишори об, м. | Ҳароҷот м³/сония | Иқтидор 1000 кВТ | Истеҳсоли қувваи барқ, млн кВТ | Ҳаҷми ғунҷоиши обанбор км³ |
|---|---|---|---|---|---|
| Роғун | 245 | 631 | 3600 | 13300 | 14 |
| Шӯроб | 55 | 628 | 700 | 2600 | 0,05 |
| Норак | 230 | 645 | 3000 | 11200 | 10,5 |
| Бойғозӣ | 54 | 638 | 600 | 2480 | 0,12 |
| Сангтӯда-1 | 58 | 624 | 670 | 2740 | 0,250 |
| Сангтӯда-2 | 18,8 | 643 | 220 | 930 | 0,075 |
| Сарбанд | 25,5 | 658 | 240 | 1050 | 0,095 |
| Шаршара | 38,7 | 660 | 30,0 | 247,0 | 0,05 |
| Марказӣ | 21,8 | 660 | 15,1 | 114,0 | 0,05 |
| Ҳамагӣ | - | - | 9075,1 | 34661 | 25,09 |
Дар сифати танзимкунандаи сарфи об дар ҳолатҳои лозима, яъне тобистон мувофиқи ин барнома гидроузелҳои Даштичум,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор