Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Рӯшон, Панҷи поён ва Кокчинск бояд дар танзими об нақши бузург мебозиданд. (Ҷадвали №22)

Ҷадвали №22
Нишондиҳандаҳои иншоотҳои барқӣ дар дарёи Панҷ
(соли 2000)

Иншоотҳои барқӣ | Фишори об, м. | Сарф м3/сония | Иқтидор 1000кВТ | Истеҳсоли қувваи барқ, млн кВТ | Ҳаҷми гунҷоиши обанбор км3
Панҷи Поён | 35 | 1820 | 1100 | 4500 | 20,0
Кокчин | 40 | 1065 | 800 | 3200 | 1,0
Москва | 60 | 901 | 800 | 4000 | -
Ҷумар | 173 | 901 | 2000 | 11600 | -
Даштиҷум | 352 | 804 | 5300 | 21100 | 27,8
Қалъаихумб | 237 | 705 | 1500 | 10500 | -
Туган | 300 | 600 | 2000 | 13600 | -
Рӯшон | 395 | 421 | 3100 | 12400 | 7
Ҳамагӣ | - | - | 16600 | 80900 | 55,8

Обанборҳои номбурда ва бунёди иншоотҳои барқии Панҷи Поён, Кокчинск, Москва, Ҷумар, Даштиҷум, Қалъаихумб, Туган ва Рӯшон дар баробари таъмини захираи зиёда аз 100 км мукааб об, ки 61,8 км мукааб ҳаҷми фоиданоки об дорад, Тоҷикистон ҳар сол соҳиби 80,9 млрд. кВТ-соат қувваи барқи иловагӣ мегардад.

Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки бунёди иншоотҳои барқии Ҷумар, Даштиҷум ва Рӯшон танзим намудани оби кӯли Сарез ва умуман яке аз сабабгори пешгирӣ намудани хатари кандашавии оби ин кӯлро таъмин мекард. Агар аз ҷиҳати истеҳсоли барқ иншооти барқии Даштиҷум бо иқтидори нақшавии 21,1 млрд. кВТ/соат калонтарин иншооти обӣ гардида, системаи марказонидашудаи барқи Осиёи Марказиро дар ҳолатҳои лозима аз вазъияти душвор мебаровард, пас баъд аз бунёди нерӯгоҳҳои Панҷи Поён ва Кокчин мувофиқи нақша мебоист 500 ҳазор га заминҳои назди соҳилҳои дарёҳои Панҷ ва Амударёи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон обёрӣ мешуданд.

пешина
аз 785
навбатӣ