Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҷадвали №23

Нишондиҳандаҳои иншоотҳои барқӣ дар Сирдарё
(соли 2000)

ДарёҳоГидроузелФишори об м³/сонияИқтидор 1000 кВТИстеҳсоли миёнаи қувваи барқ млрд/кВТҲаҷми ғунҷоиши обанбор км²
Фахробод321320,9000,150
СирдарёҚайроқум15,41260,6003,11
Чордарё17,01000,665,7
ЧирчикЧарвак1324801,861,4
ЧаткалЧаткал569003,725,4
НоринТоктагул15512004,4517,0
КокомеранСусамир2523001,331,6
Ҳамагӣ-333813,6135,45

Соли 1956 дар баробари бунёди нерӯгоҳи барқии обии "Дӯстии халқҳо" обанбори "Қайроқум" бунёд гашт, ки ғунҷоиши он 3,11 км мураббаъро ташкил менамояд. Бо истифодаи ин обанбор, агар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 100 ҳазор заминҳои ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Ашт, Мастчоҳ обёрӣ карда шаванд, пас барои Ӯзбекистон ва Қазоқистон ин обанбор ҳамчун калиди (дарвозаи) танзимкунии ҷараёни об дар баҳор ва тобистон ба шумор меравад.

Дар поёноби дарёи Сир як силсила нерӯгоҳҳои барқӣ, ба монанди Фахробод, Чордарё, Чорвак, Чоткал, Норин, Кокошер амал менамоянд, ки дар маҷмӯъ ҳар сол 13,61 млрд. кВТ соат қувваи барқ истеҳсол мекунанд. Бояд зикр намуд, ки ҷумҳуриҳои ҳамсоя (Ӯзбекистон ва Туркманистон) бо вуҷуди маҳдуд будани захираҳои об дар обанборҳои худ дар солҳои шӯравӣ захира намудани ҳаҷми зиёди обро ба роҳ монда тавонистанд. Агар Тоҷикистон дар обанбори Қайроқум ҳамагӣ 3,11 км мураббаъ обро захира карда бошад, пас ҳаҷми захираи обанборҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманистон дар давоми сол аз 32,34 км мураббаъ кам намешавад. (Ҷадвали №23)

Оби дарёҳои водии Зарафшон бошад, дар ҳудуди Тоҷикистон қариб умуман истифода нагардида, ба воситаи дарёи Зарафшон дар Ӯзбекистон пурра истифода мешавад.

пешина
аз 785
навбатӣ