Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

Заҳираҳои ҷангал. Дар сайёраи Замин, ки мову шумо зиндагӣ карда истодаем, ҷангал даҳҳо миллион сол пеш пайдо шудааст.

Аз замони пайдоиши одам зичии дарахтони ҷангал барои паноҳгоҳ, қабати дарахтони бузург ва болошохаҳои онҳо барои манзилгоҳ, меваи онҳо барои ғизо истифода бурда мешуд. Бо мурури замон одамон аз хусусияти даргирии чӯб истифода бурда, худро аз сармо муҳофизат мекардагӣ шуданд. Баъдтар инсон аз маҳсули ҷангал барои сохтани хонаю ҷой, биноҳои истиқоматӣ, киштиҳо истифода мебурдагӣ шуд. Бо афзудани шумораи аҳолӣ, истифодаи саноатии маҳсулоти ҷангал сол аз сол захираҳои ҷангалҳо кам шуда истодаанд. Олимон дақиқ намудаанд, ки танҳо дар тӯли 200 соли охир ҳаҷми майдони ҷангали рӯи замин ду маротиба кам шудааст.
Имрӯзҳо 40,1 млн. км мураббаи кураи заминро дарахтони ҳамешасабз (аз ҷумла 28 млн. км мураббаъ ҷангали ба истифода омода) ишғол мекунанд. Аз ин миқдор 8,1 млн. км мураббаъ ҷангалзор дар ҳудуди Россия, 3,2 млн. км мураббаъ дар Бразилия, 2,6 млн. км мураббаъ дар Канада, 2 млн. км мураббаъ дар ШМА воқеъ гаштааст. Дар рӯи замин ҷангалҳои қисми осиёгии Федератсияи Россия, Канада, ҳавзаи дарёи Амазонка ва Конго аслан то ҳол қариб дар ҳолати аввала нигоҳ дошта шудаанд. Захираи умумии дарахт дар тамоми ҷангалҳои рӯи замин ба ҳисоби миёна тақрибан 340-370 млрд.
метри мукаабро ташкил менамояд. Вобаста ба ҳаҷми зиёди ҷангали дар ҳолати аввала нигоҳдошташуда (23%-и захираҳои ҷаҳонӣ) Федератсияи Россия аз ҷиҳати ҳаҷми захираҳои чӯб дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад. Даҳсолаҳои охири асри XX ба ҳисоби миёна ҳар сол зиёда аз 3 млрд. метри мукааб ҷангал барои истифода бурида мешавад. Аз ин ҳаҷм 53% ё ин ки 1,6 млрд. метри мукааб чӯб дар давлатҳои рӯ ба инкишоф, ки дар ҳудуди онҳо қисми зиёди аҳолии дунё умр ба сар мебарад, ба сифати ҳезум истифода бурда мешавад.
30%-и дарахтони буридашуда, яъне 900 млн. метри мукааб дар ҷаҳон ба сифати масолеҳи сохтмон ва 17 фоизи боқимондаи он (500 млн.
метри мукааб) барои истеҳсоли коғаз ва картон истифода бурда мешавад.

пешина
аз 785
навбатӣ