Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар миқёси ҷаҳон истеҳсолкунандагони асосии коғаз ва картон
давлатҳои Америкаи Шимолӣ (91,3 млн. тонна) ва хусусан ШМА,
давлатҳои Европеи Шарқӣ (64,5 млн. тонна), асосан давлатҳои аъзои
Иттиҳоди Европа (40,8 млн. тонна), давлатҳои Осиё (64,1 млн. тонна),
хусусан Япония ба шумор мераванд (Ҷадвали №24). Агар саноати
коркарди чӯби ШМА, Россия пурра дар асоси истифодаи маҳсулоти
ҷангали худ фаъолият намоянд, пас Канада захираи ҷангали худро
эҳтиёт намуда, тамоми талаботи саноати худро бо чӯби
воридшаванда таъмин менамояд. Давлатҳои ба дараҷаи баланди
саноатӣ расида бештари эҳтиёҷоти саноати худро бо чӯб аз ҳисоби
давлатҳои аъзои созмони АСЕАН (Малайзия, Индонезия,
Филиппин), Папуа-Гвинеяи Нав ва давлатҳои Америкаи экваториалӣ
(Габон, Камерун) ва Бразилия қонеъ мегардонанд. Вобаста ба
таҷҳизоти ҳозиразамони истифодашаванда дар ҷаҳон
нишондиҳандаи истифодаи чӯб хеле гуногун аст. Дар кулли
давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон ба ҳисоби миёна дараҷаи

пешина
аз 785
навбатӣ