Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
истифодаи чӯб 86%-ро ташкил менамояд, Япония бошад, чӯби вориднамудаи худро 101% истифода мебарад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба захираҳои ночизи ҷангал солҳои охир эътибори махсусе дода мешавад. Ҳаҷми умумии майдони захираҳои ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 млн. гектарро ташкил менамояд, ки 23%-и он навниҳолҳои 15-20 сола мебошанд. Дар ҷангалҳои Тоҷикистон 286 намуд дарахту буттаҳо мерӯянд. Бештари (82 намуд) дарахтонро гурӯҳи дарахтони қаишбарг, ки дар илми ботаника онҳоро ксерофилӣ меноманд, ташкил менамоянд. Ҷои дуюмро 57 намуд дарахту буттаҳои кӯҳӣ аз гурӯҳи дарахтони майдабарг ва ҷои сеюмро (45 намуд) гурӯҳи дарахтони баргкалон, ки бо номи дендрофилияш машҳуранд, ишғол менамоянд. Бароҳмонии кор ва назорати бевосита аз болои ҷангали мавҷуда ба дӯши Иттиҳоди истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст. То имрӯз зери назорати ин хоҷагӣ 1,8 млн. га ё ин ки 70%-и ҷангали Тоҷикистон қарор дода шудааст. Дар тӯли 15 соли охир бо мақсади зиёд намудани майдони чарогоҳҳои тобистона бо қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 млн. гектар заминҳои ҷангал аз ихтиёри Иттиҳоди истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда, ба колхозу совхозҳо вобаста кунонида шудаанд.
Сохтори ҷангалҳои Тоҷикистон ба таври зерин аст:
• дарахтони арча - 150 ҳазор га;
• чормағз - 8,0 ҳазор га;
• писта - 80 ҳазор га;
• заранг - 47 ҳазор га;
• сафеддор - 9 ҳазор га;
• саксаул - 14 ҳазор га.
Тамоми ҷангали Тоҷикистон вобаста ба мавқеи дар кӯҳсор ҷойгиршавиаш ба гурӯҳи ҷангалҳои дараҷаи якум дохил карда мешавад. Аз ин ҷиҳат, буридани дарахтони ҷангалҳои Тоҷикистон тамоман манъ аст ва вазифаи муқаддаси хоҷагиҳои ҷангал аз таъмини муҳофизат ба беҳтар намудани ҳолати он иборат аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор