Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҷангалҳои кӯҳсори Тоҷикистон дорои аҳамияти бузурги нигоҳ доштани қабати болоии замин, ҳифз ва танзими об мебошанд. Ҷангалҳои солими кӯҳсори Тоҷикистон ба пешгирии сел, обхезӣ, кандашавии кӯҳу теппаҳо, пайдошавии ғорҳо ва обхезӣ мусоидат менамоянд. Барои васеъ намудани масоҳати ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳсолаҳои охир корҳои зиёд анҷом дода мешаванд. Дар ноҳияи Кофарниҳон, Ғарм, Қабодиён, Восеъ ва водии Зарафшон хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ бунёд шудаанд, ки масоҳати умумии онҳо 700 гектарро ташкил медиҳад. Танҳо дар тӯли ду соли охир (1999- 2000) дар гӯшаю канори кӯҳсори Тоҷикистон зиёда аз 7,5 млн. ниҳоли дарахтони навъҳои гуногун шинонида шудаанд. Барои нигоҳ доштани навъҳои дарахтони қиматбаҳо, манзараҳои табиӣ, набототу ҳайвоноти нодиру нестшудааистода ва танзими истифодаи ҷангал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон чор мамнӯъгоҳи давлатӣ: "Бешаи палангон" дар масоҳати 50 ҳазор га, "Ромит"- 16 ҳазор га, Даштиҷум - 18 ҳазор га ва Зоркул - 84 ҳазор га бунёд карда шудаанд. Дар ҷангалҳои Тоҷикистон 80 намуд ҳайвоноти ширхӯр, зиёда аз 365 намуд парранда, 49 намуд хазанда, 40 намуд моҳӣ, зиёда аз 10 ҳазор намуд ҳашарот ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ҷангалҳои Тоҷикистон 60 намуд алафҳои худрӯи доруворӣ мерӯяд, ки 22 намуди онҳо аз тарафи кормандони хоҷагии ҷангал барои тайёр намудани дорувории тиббӣ ҷамъоварӣ карда мешавад. Аммо бояд таъкид намуд, ки солҳои 1991-1995 бо сабаби нотинҷии вазъи мамлакат ва солҳои 1996-2000 бо сабаби сард омадани обу ҳавои Тоҷикистон ба соҳаи ҷангалпарварии ҷумҳурӣ зарари калон расонида шуд. Дар бисёр ноҳияҳо дарахтони бисёрсолаи писта, чормағз, чинор, арча бераҳмона бурида шуда, ҳамчун сӯзишворӣ истифода бурда шудаанд. Бераҳмӣ ва хунукназарӣ дар қисми зиёди заминҳои ҷангалзори ба истифодаи совхозу колхозҳо дода шуда мушоҳида карда мешавад. Шикори бемаврид ва бе иҷозати парранда, ҳайвонот ва моҳиҳои дарёҳо боиси сол аз сол кам шудани онҳо гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор