Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

§12.3. Захираҳои меҳнатӣ

Аз нимаи дуюми асри XIX сар карда дар ҷаҳон, дар баробари афзоиши босуръати шумораи синфи коргар ва бақайдгирии муташаккили шумораи аҳолӣ ба захираҳои меҳнатӣ эътибори хосаеро медоданд.

Бо мурури замон, дар натиҷаи дақиқ шудани мафҳумҳои категорияи иқтисодӣ, дар мафҳуми захираҳои меҳнатӣ қисми аҳолии аз ҷиҳати ҷисмонӣ, зеҳнӣ инкишофёфта ва дорои маълумот, ки барои иҷрои амали лозима дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ истифода бурда мешавад, дар назар дошта мешавад.

Бо пешрафти ҷамъият ва ташаккули фондҳои иҷтимоии аҳолӣ оҳиста-оҳиста дар ҷаҳон давраи муайяни фаъолияти синфи коргар ва алалхусус занони қобили кор муайян карда шуд. Ин меъёр вобаста ба дараҷаи умри миёнаи шаҳрвандон дар давлатҳои алоҳида гуногун аст. Бинобар ин дар бисёр давлатҳо имрӯзҳо ба захираҳои меҳнатӣ — аҳолии қобили кори то синни нафақа, шахсони нафақахӯре, ки дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ кор мекунанд, наврасони то синни қобили кор нарасидае, ки дар ҷамъият фаъолият карданӣ ҳастанд, дохил карда мешаванд.

Имрӯзҳо илми иқтисод бо назардошти бунёдгари асосии боигарии миллӣ ба шумор рафтани захираҳои меҳнатӣ, онҳоро ба гурӯҳи омилҳои асосии пешрафти иқтисодиёти давлатҳои алоҳида ва ҷаҳон дохил намудааст. Дар ҷаҳони имрӯза қисми зиёди захираҳои меҳнатӣ дар давлатҳои рӯ ба инкишоф, ки имрӯзҳо онҳоро мувофиқи тақсимоти нав давлатҳои дорои дараҷаи миёнаи тараққиёт меноманд, гирд оварда шудааст.

Агар соли 1975 шумораи умумии аҳолӣ дар давлатҳои дорои сатҳи миёнаи тараққиёт 2779 млн. нафарро ташкил дода бошад, соли 1998 ин рақам ба 4137 млн. расидааст. Шумораи умумии аҳолии ин гурӯҳ давлатҳо дар ин давра қариб 1,5 маротиба афзудааст. Тадқиқотҳои солҳои охир доиргардида пешбинӣ менамоянд, ки шумораи аҳолии ин давлатҳо дар як сол ба ҳисоби миёна 1,7% афзуда, то соли 2015 4990 млн. нафарро ташкил хоҳад дод.

пешина
аз 785
навбатӣ