Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Таҷрибаи ду даҳсолаи охири асри XX нишон дод, ки ҳаҷми мигратсияи байналхалқии қувваи корӣ сол аз сол рӯ ба афзоиш дорад. Асосан дараҷаи баланди мигратсияи бебозгашт солҳои 1989-1991 ба қайд гирифта шудааст. Ду сол пеш аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ гӯё, ки дар асоси нақша бошад, ҷараёни аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ тамоман баромада рафтани яҳудиҳо, немисҳо сар шуд. Миллионҳо нафар яҳудиҳо бо аъзои оилаи худ хонаю ҷойҳои ободнамудаи худро фурӯхта, ба Исроил ва давлатҳои Европа муҳоҷират намуданд. Ҳукумати Исроил бо кӯмаку дастгирии созмонҳои байнамилалӣ миллиардҳо доллар барои аҳолии муҳоҷир ҷудо намуда, дар баробари додани ҷуброн онҳоро бо хонаю ҷой ва ҷои кор таъмин намуд. Қисми зиёди яҳудиҳои муҳоҷир баъд аз гирифтани имтиёзҳои пешбинишуда барои ёфтани корҳои сердаромад аз Исроил ба ШМА (бештар ба Лос-Анҷелес, Ню-Йорк) ва давлатҳои Европа (Австрия, Франсия ва Англия) муҳоҷират намуданд. Дар он солҳо аз ҳудуди Тоҷикистон ҳам зиёда аз даҳҳо ҳазор яҳудиҳои тоҷикзабон ва немисҳо муҳоҷирати бебозгашт намуда, имрӯзҳо дар Исроил, ШМА ва давлатҳои Европа умр ба сар мебаранд. Дар ҷараёни сафарҳои худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ба ШМА бо намояндагони муҳоҷирони тоҷики дар Вашингтон, Ню-Йорк, Лос-Анҷелес ки шаҳрванди муқимии ин давлат гардидаанд, вохӯриҳо ташкил намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мешавад.
Соли 1995-1996 дар ҷаҳон шумораи коргарони муҳоҷир қариб 30 млн. нафарро ташкил намуд.
Дар баробари яҳудиҳо солҳои 1990-1992 аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии қобили кор - олимон, мутахассисон, санъаткорон ва варзишгарони шинохта бо ҳар баҳона ба хориҷа сафар карда, дигар баргашта намеомаданд. Майли ба хориҷ рафтани аҳолиро ба назар гирифта, дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ширкатҳои ғайриқонунӣ барои гузаронидани муҳоҷирон ба фаъолият сар карданд. Ҳазорҳо одамонро бо роҳхатҳои қалбакӣ ғайриқонунӣ ба хориҷи дуру наздик мефиристонданд. Танҳо шумораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар панҷ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор