Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
соли охири асри XX 6 маротиба афзуд. Имрӯзҳо, агар дар давлатҳои Европа 3,4 млн. муҳоҷири ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуда бошад, дар ШМА шумораи онҳо зиёда аз 4,5 миллионро ташкил менамояд.
Имрӯзҳо аксарияти давлатҳо вобаста ба пешрафти илмию техникӣ ва сабабҳои дигар пурра ба ҷараёни эмиграсионӣ ва иммиграсионӣ ҳамроҳ шуда истодаанд.
Пешрафти илмию техникии ин давлатҳо ва дар асоси он бунёди корхонаҳои нав боиси пайдо шудани ҷойҳои кории зиёд гардид. Аз тарафи дигар, баланд шудани сатҳи зиндагии мардуми ин давлатҳо майли онҳоро барои иҷро намудани корҳои вазнин кам намуд. Масалан, Италия, Испания, Юнон, Полша, агар дар солҳои наздик танҳо давлатҳои эмиграсионӣ ба шумор мерафтанд, пас имрӯзҳо онҳо дар соҳаҳои хоҷагии халқи худ қувваи коргарони муҳоҷирро васеъ истифода мебаранд. Даҳсолаҳои охир авҷгирии ҳаракати қувваи кориро роҳбарияти бисёр давлатҳо ба назар гирифта, дар асоси созишномаи байнидавлатӣ бо мақсади осон намудани расмиёти гумрукӣ ва наздисарҳадӣ маҳдудиятҳои бисёри ҷойдоштаро аз байн бардоштанд. Дар натиҷа ҳаракати пурра озоди қувваи корӣ дар кулли давлатҳои аъзои Иттиҳоди Европа, Канада, ШМА ва Мексика муҳайё карда шуд. Дигар шудани тамоили иммиграсияи қувваи корӣ панҷ соли охир бештар дар давлатҳои собиқ шӯравӣ барҷаста мушоҳида карда мешавад. Агар дар тӯли 74 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар байни 14 давлати аъзо Федерасияи Россия содиркунандаи асосии қувваи корӣ, мутахассисони баландихтисос ба шумор мерафт, пас имрӯз барои давлатҳои Европа дар баробари давлатҳои эмиграсионӣ ба шумор рафтанаш барои миллионҳо коргарони баландихтисос ва оддии ҷумҳуриҳои навбунёд шароити кор муҳайё менамояд. Ҳар сол танҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федерасияи Россия барои кор зиёда аз 100 ҳазор қувваи қобили кор дар шакли муҳоҷирати муваққатӣ ва мавсимӣ баромада рафта, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ин мамлакат фаъолият мекунанд.
Ҷангҳои дохилии даҳсолаи охир, ки давлатҳои Афғонистон, Босния ва Герсеговина, Югославия ва Хорватияро фаро гирифтанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор