Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
боиси ба давлатҳои ҳамсоя муҳоҷират намудани миллионҳо одамон гардиданд. Имрӯзҳо зиёда аз 4 миллион афғонҳо дар ҳудуди Эрон, 2-3 миллион дар Покистон, зиёда аз 300 ҳазор нафар дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла дар Тоҷикистон умр ба сар мебаранд. Тӯл кашидани ҷанг ва ҷараёни муҳоҷирати афғонҳо ҳукуматҳои давлатҳои навбунёдро водор намуд, ки барои бештари онҳо шароити кору зиндагӣ муҳайё намоянд.
Пешрафти илмию техникии даҳсолаҳои охир ҷараёни нави муҳоҷирати аҳолиро ба миён овард, ки имрӯзҳо онро "ихроҷи ақлҳо" меноманд.
Бояд қайд намуд, ки то солҳои 1990 манбаи асосии кадрҳои баландихтисос барои давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон Ҳиндустон, Покистон ва Миср буданд, аммо баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таваҷҷӯҳи ШМА ва давлатҳои Европа бештар ба мутахассисони Федерацияи Россия, давлатҳои ИДМ, Европаи Марказӣ ва Шарқӣ нигаронида шуд.
Ҳамин тариқ, имрӯзҳо дар ҷаҳон се маркази ҷалби қувваи корӣ ташаккул ёфтааст.
- Маркази Европаи Ғарбӣ. Кулли давлатҳои тараққинамудаи Европа бо усулҳои гуногун аз Испания, Португалия, даҳсолаҳои охир бошад, аз Полша, Венгрия, Югославия, Туркия, давлатҳои араб коргарони хориҷиро ҷалб намуда, тамоми корҳои вазнини истеҳсолот ва корҳои ба худ номуносибро бо қувваи нисбатан арзони кории онҳо иҷро менамояд. 1 январи соли 2000 шумораи кулли имигрантҳои давлатҳои ғарб ба 22,5 млн. нафар расид, ки бештари онҳо дар корхонаҳои саноатӣ, соҳаи кишоварзӣ, бандарҳо ва анборҳои азими байналмилалӣ давлатҳои Люксембург - 30%, Швейтсария - 29,6%, Германия - 8%, Белгия - 7,5%, Австрия - 6,2%, Шветсия 5,8%, Франсия - 5,2%, Англия - 3,4% ба сифати коргари муваққатӣ фаъолият менамоянд. Бояд қайд намуд, ки бинобар бо дастгоҳҳои нав иваз намудани таҷҳизоти корхонаҳои истеҳсолӣ авҷгирии норозигии коргарони маҳаллӣ ба рақобати имигрантҳо зиёд шуд. Иттиҳоди Европа бо қарори махсуси худ шумораи имигрантҳоро маҳдуд намуда, барои тамоми давлатҳо квотаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор