Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҷалби коргарони баландихтисосро тасдиқ намуд. Албатта пӯшида нест, ки чунин квотаҳо барои Тоҷикистон муайян карда нашудаанд.
Сабаби асосӣ надонистани забон ба шумори меравад. Ба коргарони муҳоҷир донистани забони англисӣ ё немисӣ ҳатмист.

  1. Маркази давлатҳои нафтистеҳсолкунандаи Осиёи Гарбӣ.
    Баъд аз Ҷанги дуюми Ҷаҳон бо мақсади ҳарчи тезтар ба истифода додани конҳои нафт, сохтмони хатҳои қубурҳои интиқоли нафт, сохтмони бандарҳои азим, сохтмони иншоотҳои обсофкунӣ, биноҳои истиқоматӣ, отелҳои ҳозиразамон, роҳҳои автомобилгард ҷалби иммигрантҳои хориҷӣ ва алалхусус мутахассисон сар шуд. Ҳар сол аз тариқи ин марказ ба ҳисоби миёна то 5 млн. нафар қувваи корӣ ҷалб карда мешавад.

Дар рафти сафарҳои расмии ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо масъалаи ҳамкорӣ дар бахши содироти қувваи корӣ ва мутахассисон бардошта шуда буд. Аммо надонистани забони арабӣ ва ақаллан англисӣ, ки барои кулли давлатҳои араб ҳамчун забони дуюм қабул шудааст, барои муҳоҷирати коргарони ҷумҳурӣ монеаи асосӣ мебошад.

  1. Маркази ШМА ва Канада. ШМА дар ин бахш таҷрибаи бои сеасра дорад. Сохторҳои давлатии хадамоти иммигратсионии ШМА имрӯзҳо чунон дақиқ фаъолият мекунанд, ки омӯхтани таҷрибаи онҳо барои тамоми давлатҳои дигар лозим аст. Ба ШМА ва даҳсолаҳои охир баъд аз ба имзо расидани "Созишнома оид ба бунёди Созмони ҳамкории ШМА, Канада ва Мексика", ба Канада аз Мексика, давлатҳои ҳавзаи Кариб, Филиппин қувваи корӣ, агар ба соҳаҳои истихроҷи маъдан, ҷангал, саноати вазнин, сабук, соҳаҳои хизматрасонӣ ҷалб карда шавад, пас аз давлатҳои Европа Федератсияи Россия, Ҳиндустон, Покистон ва давлатҳои дигар бештар олимон, мутахассисони соҳаҳои илмҳои дақиқ, химия ва техникӣ ҷалб карда мешаванд.

Шумораи умумии қувваи кории имрӯзҳо дар ШМА ва Канада фаъолияткунанда зиёда аз 7 млн. нафарро ташкил менамояд. Ҳар сол ба ин ду давлат то 900 ҳазор қувваи кории нав ҷалб карда мешавад.

пешина
аз 785
навбатӣ