Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо захираҳои меҳнатии худ аз соли 1991 ба бозори байналмилалии меҳнат ворид гардид. Бинобар маҳдуд будани ҷойҳои корӣ имрӯзҳо зиёда аз 200 ҳазор коргарони муҳоҷири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷии наздик, аз ҷумла дар Федератсияи Россия, Белоруссия, Украина, Қазокистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон кор мекунанд. Дар сурати таҳти назорати давлат ба роҳ монда шудани содироти захираҳои меҳнатӣ он метавонад яке аз манбаъҳои иловагии ворид намудани асъори хориҷӣ гардад. Мувофиқи ҳисоби мутахассисони Федератсияи Россия 1000 коргари муҳоҷири дар давлатҳои хориҷӣ коркунандаи ин кишвар дар як сол 8 млн. доллар ба хазинаи давлат даромад меорад.
Дар ин асос, агар аз ҳар як коргари муҳоҷири бо таври муташаккил дар дигар кишвар коркунанда ба ҳисоби миёна саддолларӣ ба ҷумҳурӣ ворид гардад, дар як сол Ҷумҳурии Тоҷикистон 240 млн. доллар (200000×100$×12) даромади иловагӣ ба даст меорад. Аммо бо вуҷуди қабули як силсила қонун ва қарорҳои махсус сохторҳои давлатии ба ин кор вобаста аз ӯҳдаи ташкилии ин кор набаромада истодаанд. Ҳар сол миқдори муайяни коргарон аз Тоҷикистон ба таври муташаккил гурӯҳ-гурӯҳ ба минтақаҳои гуногуни ИДМ ба кор фиристода мешавад. Меҳнати онҳоро ба эътибор гирифта, роҳбарияти ноҳияҳои ҷанубии Федератсияи Россия (Ростови назди Дон, Поволже), Ҷумҳурии Белоруссия, Қазокистон аз ҳисоби коргарони муҳоҷири Тоҷикистон бригадаҳо ва ҳатто колхозҳои махсус бунёд намуда, аз натиҷаи кори онҳо баҳра мебаранд. Онҳо дар заминҳои ҷудошуда мувофиқи супориши ин ноҳияҳо ғалла, тарбуз, пиёз, лаблабуи қанд, зағир корида, дар баробари иҷрои ӯҳдадорӣ қисми зиёди маҳсулотро ба бозор бароварда мефурӯшанд. Аммо бояд қайд намоем, ки шумораи коргарони ба таври муташаккил фаъолияткунанда хеле кам аст.
Дар баробари эмигратсияи меҳнатии аҳолӣ панҷсолаҳои охир бо бунёди як силсила корхонаҳои муштарак ва ба имзо расидани созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба барқарор намудани робитаҳои иқтисодии хориҷӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоили авҷирии иммигратсионии шаҳрвандони хориҷӣ мушоҳида карда мешавад. Бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор