Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

шарофати бунёди даҳҳо корхонаҳои муштарак имрӯзҳо мутахассисони соҳаҳои гуногун аз Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Англия, ШМА, Европа, Ветнам, Туркия, Эрон, Афғонистон, давлатҳои араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 ҷамъ зиёда аз 6700 нафар ба қайд гирифта шудаанд, ки дар баробари синфи коргари Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Бо вуҷуди солҳои охир босуръат афзудани шумораи қувваи кории хориҷӣ таъсири манфии он дар бозори меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло ҳис карда намешавад. Ҳиссаи онҳо дар маҷмӯи аҳолии ба кор машғулбуда дар соли 1999 ҳамагӣ 0,4%-ро ташкил намудасту халос. Иммигрантҳои хориҷии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада бештар дар корхонаҳои муштарак ба танзим намудани хатҳои истеҳсолӣ, ба кор даровардани дастгоҳ, таъмири онҳо ва омӯзиши кормандони тоҷик машғул мебошанд.

пешина
аз 785
навбатӣ