Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Масалан, агар ШМА, Япония, Канада, Германия таъсири худро ба рафти иқтисодиёти ҷаҳон аз ҷиҳати дараҷаи баланди қудрати иқтисодии сиёсӣ ва молиявии техникии мамлакат расонда тавонанд, пас давлатҳои нисбатан хурдтари ин гурӯҳ, ба мисли Люксембург, Нидерландия таъсири худро бо роҳи иштирок дар Иттиҳоди Европа расонда метавонанд.

Яке аз хусусиятҳои хос ва омилҳои муайянкунандаи давлатҳои мутараққии ҷаҳон нишондиҳандаи баланди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Дар номгӯи зиёди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ММД дар ҷои аввал меистад. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон мафҳуми ММД ҳамчун ҷамъи арзиши аслии мол ва даромад аз хизматрасонӣ, ки дар соҳаҳои гуногуни мамлакат истеҳсол шуда, баъдан барои истеъмол, захира ва содирот истифода бурда мешавад, фаҳмида мешавад.

Хусусияти хоси ММД дар он барҷаста зоҳир мегардад, ки дар тӯли садсолаи охир дар ҷаҳон бо вуҷуди ҷангу моҷароҷӯҳои байнидавлатӣ ва бӯҳронҳои иқтисодӣ, сол аз сол зиёдшавии ҳаҷми ММД мушоҳида карда мешавад.

Ҷадвали № 29

Суръати афзоиши ММД
(ба ҳисоби фоиз нисбат ба соли гузашта)

Давлатҳо ва гурӯҳҳои онҳо1981 - 199019911992199319941995199619971998
Мамлакатҳои мутараққӣ - умумӣ2,90,71,60,82,72,12,43,02,3
ШМА2,7-0,52,53,44,12,02,43,02,3
Япония4,04,01,10,10,50,91,61,4-2,8
Иттиҳоди Европа (15 давлат)2,41,51,0-0,42,92,41,62,72,8

Рақамҳои ҷадвали №29 нишон медиҳанд, ки дар тӯли 8 соли охир суръати начандон баланди афзоиши ММД асосан дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Европой ва ШМА таъмин карда шудааст. Дар Япония бошад, бо сабабҳои сар задани бӯҳрони иқтисодӣ суръати афзоиши ММД рӯ ба пастравӣ овард. Бӯҳрони иқтисодии

пешина
аз 785
навбатӣ