Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

давлатҳои Осиё таъсири манфии худро дар ҳаҷми умумии ММД-и ҷаҳонӣ низ расонд.

Агар соли 1994 нисбат ба соли 1991 ҳаҷми мутлақи ММД дар ҷаҳон аз 2,8 то 23,6 трлн. доллари америкагӣ ва соли 1996 ба 31,8 трлн. доллари ШМА расида бошад, пас дар соли 1999 он то 29,2 трлн. доллари ШМА паст фаромад.

Вобаста ба пешрафти техникии давлатҳои ҷаҳон дар бобати ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди ММД, нобаробарӣ низ мушоҳида карда мешавад. Агар соли 1994 ҳаҷми умумии ММД дар ШМА 37,3%-ро ташкил дода бошад, дар Европа 31,7%, минтақаи Осиё 29,4% ва дар минтақаи Африқо ҳамагӣ 1,6%-ро ташкил дод.

Дар солҳои охир дар байни давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ШМА аз рӯи нишондиҳандаҳои ММД мавқеи пешсафиро нигоҳ медорад. Агар соли 1993 дар ШМА ҳаҷми умумии ММД 6,4 триллион доллари америкоиро ташкил дода бошад, пас соли 1999 ҳаҷми он ба 8,4 триллион расонида шуд. Баъд аз ШМА, дар ҷойи дуюм Япония меистод, ки ҳаҷми умумии ММД 4,08 триллион долларро ташкил намуд ва дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ин кишвар ба яке аз давлатҳои пуркудрати ҷаҳон табдил ёфт. Ҳаҷми умумии ММД дар давлатҳои Европаи Ғарбӣ - Германия 2,08 триллион доллари ШМА, Франсия 1,43 триллион доллари ШМА, Италия 1,14 триллион доллари ШМА, Британияи Кабир 1,34 триллион миллиард доллари ШМА-ро ташкил медод.

Аз мамлакатҳои рӯ ба инкишоф даҳсолаҳои охири асри XX ҷойи муайянро давлатҳои нави саноатӣ ишғол менамоянд.

Масалан, соли 1999 ҳаҷми ММД дар Бразилия 742,8 млрд., дар Мексика 428,8 млрд., Кореяи Ҷанубӣ 397,9 млрд. долларро ташкил дод.

Дар ин давра дараҷаи баланди афзоиши ҳаҷми ММД дар давлатҳои нави саноатии минтақаи Осиё, аз ҷумла Таиланд - 8,8%, Малайзия - 8,7%, Сингапур - 7,5%, Индонезия - 6,8%, Тайван - 6,6% ва Кореяи Ҷанубӣ 6,1% мушоҳида карда шуд.

пешина
аз 785
навбатӣ