Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

даҳолати зиёдатии роҳбар, коллективона ба амал бароварда мешавад.

Дар корхонаҳои оптикӣ, мошинсозии дақиқи Германия бошад, баръакс, низоми қатъии аз тарафи марказ идора намудани истеҳсолот ба роҳ монда шудааст.

Барои равнақу ривоҷи ширкатҳои зикршуда албатта рақобати дохилисоҳавӣ шарт ва зарур аст.

Мувофиқи ақидаи М.Портер, ҷустуҷӯи роҳҳои нав ва такмилдиҳии истеҳсолот боиси шиддатнок шудани рақобати дохилисоҳавӣ мегардад.

Рақобати ҷиддӣ дар бозори дохилӣ ширкатҳоро водор менамояд, ки барои ҳарчӣ тезтар фурӯхтани маҳсулоти тайёр бозорҳои навро дар кишварҳои дигар пайдо намоянд.

Рақобати дохилисоҳавӣ дар ҳудуди мамлакат барои ширкатҳои миллие, ки пешрафти истеҳсолоти худро пурра таъмин карда наметавонанд, ба айбдор намудани ширкатҳои хориҷӣ имкон намедиҳад. Баръакс, мавҷудияти рақобат дар бозори дохилӣ тамоми шароитҳоро фароҳам меоварад, ки молҳои қобили рақобат дар бозорҳои ҷаҳонӣ бемонеа ҷои худро ёбанд.

§ 2.5. Ташаккули иқтисодиёти муосири ҷаҳон

Ин марҳила аз давраи ба миён омадани хоҷагии имрӯзаи ҷаҳонӣ пас аз табаддулоти саноатии охири асри XVIII оғоз гардида, то имрӯз идома дорад. Бояд таъкид намуд, ки асри XIX дар таърихи ташаккули иқтисодиёти ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст. Дар натиҷаи равнақу ривоҷ ёфтани соҳаҳои гуногуни саноат, афзудани муносибатҳои иқтисодии байни давлатҳо ба он оварда расонид, ки аз солҳои 1850-1860 сар карда, дар сохтори бозори ҷаҳонӣ хусусиятҳои аниқи байналмилалликунонии он баръало дида мешуд. Дар роҳи ташаккули худ байналмилалликунонии бозори ҷаҳонӣ ба равнақу ривоҷ ёфтани истеҳсолоти ҷаҳонӣ замина гузошт ва ба қудратнокшавии як қатор мамлакатҳо ва қашшоқшавии қисми зиёди онҳо оварда расонд. Зиёда аз талаботи аҳолии худ истеҳсол намудани молҳои истеъмолӣ ва маҳдуд будани бозори ҷаҳонӣ давлатҳои

пешина
аз 785
навбатӣ