Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Агар солҳои 1980-1996 ҳаҷми маҳсулоти умумӣ 4,5 маротиба (11,12%) зиёд шуда бошад, дар натиҷаи таъмини солонаи суръати пешрафти истеҳсолот солҳои 1997-2000 ин рақам дучанд зиёд шуд.
Самтҳои асосии сиёсати иқтисодиёти Хитой баъд аз солҳои 1979 Бо вуҷуди вусъат додани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, чораҷӯиҳои Ҳизби Коммунисти Хитой дар тӯли зиёда аз 34 соли баъдиҷангӣ пешрафти бо суръати иқтисодиёти Хитойро таъмин карда натавонистанд.
Робитаҳои иқтисодии хориҷии Хитой бештар бо давлатҳои лагери сотсиалистӣ, ки аз ҷиҳати истифодаи техника дар истеҳсолот нисбат ба давлатҳои пешқадами капиталистӣ хеле қафо монда буданд, ба роҳ монда шуда буд.
Ҷудоии иқтисодии давлатҳои лагери сотсиалӣ барои бо давлатҳои аз ҷиҳати илмию техникӣ пешрафтаи ҷаҳон робита барқарор намудан имконият намедод. Илова бар ин, қисми зиёди даромади миллии мамлакат дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Шӯравӣ барои таъмини ҳифзи амнияти кулли давлатҳои лагери сотсиалӣ равона карда мешуд.
Декабри соли 1978 пленуми сеюми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Хитой даъвати ёздаҳум қафомонии иқтисодиёти мамлакатро ба назар гирифта, қарор кард, ки тамоми қувваи мавҷудаи ҳизб ва ҳукумат ба ҳалли проблемаҳои иқтисодии ҷойдошта ва модернизатсиякунонии (навсозии) иқтисодиёти мамлакат равона карда шавад.
Бо вуҷуди якчанд маротиба ба барномаи иқтисодии тасдиқшуда иловаю тағйирот ворид намудан, мақсади асосии ислоҳоти иқтисодӣ аз он иборат буд, ки Хитой ба яке аз давлатҳои бойтарин ва демократитарини ҷамъияти сотсиалӣ, ки аз ҷиҳати тақсими даромад ба ҳар сари аҳолӣ дар даври аввал ақаллан ба сатҳи зиндагии давлатҳои тараққикардаи миёна баробар бошад, табдил дода шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор