Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мақсад бунёди ҷамъияти нави социалистие буд, ки пешрафти иқтисодиёти мамлакат дар он дар асоси принсипҳои иқтисодиёти бозорӣ ба роҳ монда шавад.

Амалӣ шудани барномаи азнавсозии иқтисодиёт ва модернизатсияи Хитой дар се марҳила пешбинӣ шуда буд:

Марҳилаи аввал. Дар ин марҳила ба нақша гирифта шуда буд, ки ҳаҷми маҳсулоти миллиро нисбат ба соли 1980 ду маротиба зиёд намуда, проблемаи таъминоти аҳолӣ бо хӯрокворӣ ва молҳои аввалиндараҷаи ниёзи мардум таъмин карда шавад.

Марҳилаи дуюм. Дар ин марҳила бо тағйироту иловаҳое, ки анҷумани XIV соли 1992 дар Пекин баргузоргардидаи Ҳизби Коммунисти Хитой ворид намуда буд, дар назди халқ вазифа гузошт, ки ҳаҷми солонаи маҳсулоти миллӣ то охири асри XX ба 8-9 % зиёд карда шуда, дараҷаи зиндагии аҳолӣ дар сатҳи миёна таъмин карда шавад.

Марҳилаи сеюм. Дар ин марҳила, ки тахминан то солҳои 2050-ум давом хоҳад кард, ба нақша гирифта шудааст, ки модернизатсияи иқтисодии кишвар пурра ба охир расонида шуда, афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти миллӣ то сатҳи давлатҳои ба дараҷаи миёна тараққиёфта таъмин гардад.

Барои татбиқи ин мақсад Ҳукумати Хитой дар баробари истифодаи комёбиҳои бузурги ҷамъияти сотсиалистӣ, тарзи мувофиқи нақша истифода намудани унсурҳои асосии системаи бозории давлатҳои мутараққии дунёро низ пешбинӣ намуда буд. Барномаи бозсозии иқтисодиёти Хитой дар даври дуюми худ баробари озодии пурраи иқтисод додан, даҳолати давлатро дар фаъолияти корхонаҳо маҳдуд намуда, тақсимоти мутамаркази солҳои пеш вуҷуддоштаро барҳам дода, ҳиссаи давлатро дар молу мулки корхона маҳдуд кард ва шаклҳои гуногуни моликиятро дастгирӣ менамояд. Ҳукумати Хитой хуб дарк мекард, ки ислоҳоти иқтисодӣ дар баробари истифодаи нархҳои танзимшавандаи давлатӣ, инчунин ворид намудани нархҳои озоди бозориро низ талаб мекунад. Бинобар ин аз рӯзҳои аввали бозсозии иқтисодӣ дар мамлакат нархҳои озод

пешина
аз 785
навбатӣ