Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҷорӣ гардида, номгӯи молҳое, ки нархи онҳо аз тарафи давлат муайян карда мешуд, то ҳадди ақал маҳдуд карда шуд.

Аз аввали соли 1979 дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ислоҳоти иқтисодӣ оғоз ёфт. Бозсозии иқтисодӣ, пеш аз ҳама, соҳаҳои хоҷагии қишлокро дар бар гирифт. Дар деҳот шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ - усули пудрати оилавӣ, ки музди кори онҳо аз натиҷаи кор вобастагӣ дошт, бунёд карда шуд.

Дар баробари равнақу ривоҷ додани соҳаи кишоварзӣ ба махсусгардонии соҳаҳои алоҳидаи он, ба бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва соҳаҳои ёрирасони он эътибори ҷиддӣ дода мешуд.

Баъд аз ноил гаштан ба пешрафти соҳаи кишоварзӣ соли 1984 Ҳукумати Хитой ба гузаронидани ислоҳоти сохторҳои шаҳрҳо шурӯъ намуд. Бозсозии иқтисодӣ тамоми корхонаҳои бузург ва миёнаи саноатиеро, ки таҳти назорати давлат буданд, фаро гирифт. Мақсади асосии бозсозӣ дар ин корхонаҳо аз он иборат буд, ки муносибатҳои бозориро ҷорӣ намуда, фаъолияти онҳоро ба истеҳсоли молҳои истеъмолии дар бозори ҷаҳонӣ рақобаткунанда равона намояд.

Баҳри иҷрои чунин нақшаи азим гузаронидани бозсозиҳои иқтисодӣ дар сохтори идораи давлатӣ, вазорату кумитаҳо, системаи банакшагирӣ, нархгузорӣ, фаъолияти идораҳои молия ва бонкӣ, меҳнат ва музди кор, таъминоти иҷтимоии мамлакат зарур буд.

Солҳои 1984-1990 модели расмии бозсозиҳо танҳо аз бунёди сохтори хоҷагии молии сотсиалистӣ иборат буд. Барои амалӣ шудани ин мақсад Ҳизби Коммунисти Хитой дар барномаҳои худ таъкид карда буд, ки фаъолияти молии кулли корхонаҳои мамлакатро дастгирӣ намуда, дар рафти бозсозӣ ба зиддияти хоҷагии нақшавӣ ва молӣ қатъиян роҳ дода нашавад.

Дар рафти иҷрои мақсадҳои ҷойдошта барои гузаронидани бозсозиҳои иқтисодӣ дар соҳаи нарх ва нархгузорӣ эътибори калон дода шудааст. Дар баробари маҳдуд кардани номгӯи молҳои аз марказ муайяншаванда, мамлакат пурра ба нархҳои озоди танзимшаванда гузашт.

516

пешина
аз 785
навбатӣ