Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Барои роҳ надодан ба хатогиҳо бозсозӣ дар соҳаи нархгузорӣ давра ба давра ба амал бароварда шуд.

Дар давраи аввал, ба такмили системаи давлатии нархгузорӣ эътибори калон дода, дараҷаи нархи ҳар як молро бо хароҷоти истеҳсолӣ баробар намуданд. Дар баробари боло рафтани нархи мол ва маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ арзиши воситаҳои техникӣ низ баланд бардошта шуд. Масъулияти муайян намудани нархи маҳсулот аз марказ ба зиммаи сохторҳои роҳбарикунандаи маҳаллӣ гузошта шуд.

Дар давраи дуюм, озод намудани нарх якбора тамоми соҳаҳои маҳсулоти истеҳсолӣ ва истеъмолии мамлакатро фаро гирифт. Чунин шароит маҷбур сохт, ки ба бозсозии иқтисодӣ дар системаи сармоягузорӣ, андозситонӣ, қарздиҳӣ, савдои хориҷӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ суръат бахшида, ба тариқи санҷиш биржаҳои коғазҳои қиматнок ва молу амвол таъсис дода шаванд.

Дар натиҷаи татбиқи бандҳои алоҳидаи барномаи бозсозии иқтисодӣ солҳои 90-ум мафҳуми иқтисодиёти бозории сотсиалистӣ ҳамчун модели махсуси таъмини пешрафти иқтисодӣ, ки бевосита ба давлатҳои лагери сотсиалистӣ хос аст мавқеи муайянеро ишғол кард.

Модели иқтисодиёти бозории сотсиалистӣ аз моделҳои чӣ дар ҷамъияти капиталистӣ ва чӣ дар ҷамъияти сотсиалистӣ амалкунанда бо он фарқ мекард, ки дар он баробари нақши махсусро бозидани моликияти ҷамъиятӣ-давлатӣ, кооперативӣ шаклҳои нави бо ҳам омехтаи хоҷагидорӣ, ба мисли ташкилотҳои саҳомии асъори вуҷуд доштанд, ки миқдори муайяни саҳмияҳо байни саҳомон ва қисми дигари он ба ташкилотҳои давлатӣ тақсим карда мешавад.

Бунёди чунин шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ки дар фаъолияти онҳо баробари саҳомон давлат низ иштирок намуда, ҳиссаи худро мегузорад, дар мӯҳлатҳои хеле кӯтоҳ пешрафти иқтисодии корхонаҳои зиёди зараровари ватаниро таъмин карда метавонад.

Агар то солҳои 90-ум гузаронидани ислоҳот барои васеъ
намудани доираи ҳуқуқи корхонаҳо ҷиҳати дар корҳои хоҷагӣ ва
амвол ҳарчӣ бештар нуфуз доштани давлат равона шуда бошад, пас
аз соли 1992 сар карда, дар асоси қарори анҷумани XIV Ҳизби

пешина
аз 785
навбатӣ