Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Коммунисти Хитой ба корхонаҳо ҳуқуқҳои васеъ дода шуданд, ки шаклҳои хоҷагидориро интихоб намоянд.
Дар натиҷаи амалӣ кардани муносибатҳои бозорӣ, фаъолияти корхонаҳои давлатие, ки солҳои охир вазъияти иқтисодиашон хеле душвор гардида буд, ранги дигар гирифт.
Масъулият ва вазифаҳои сохтори давлатӣ низ дигар шуд. Сохтори идораи мутамарказонидашуда пурра барҳам дода шуда, истеҳсол, ҳосилнокии меҳнат ва баланд бардоштани сифати маҳсулот ба зиммаи роҳбарияти корхонаҳо вогузор гардид.
Соли 1992 ҳаҷм ва миқдори истеҳсоли мол ва маҳсулоте, ки тавассути банақшагирии мутамарказ муайян карда мешуд, назар ба 90 фоизи соли 1980 ҳамагӣ 18-20%-ро ташкил мекард.
Дар ин солҳо ҷараёни бунёд ва баъдан инкишофи муносибатҳои бозорӣ, аз ҷумла бозори асосҳои истеҳсолот, хизматрасонӣ, иттилоот, технология ва амволи ғайриманқул ба қайд гирифта шуданд. Тараққиёти босуръати "индустрияи сеюм", ки дар Хитой соҳаи савдо, соҳаи хизматрасонӣ ва хадамотро дар назар дорад, ба қайд гирифта шуд. Дар баробари ин Ҳукумати Хитой барои фароҳам овардани тамоми шароитҳо доир ба ҳарчи бештар васеъ намудани доираи робитаҳои иқтисодӣ бо давлатҳои минтақаи дигари ҷаҳон, кӯшишҳои зиёдеро ба ҳарҷ дод.
Дар навбати аввал баҳри иҷрои ин мақсад дар бунёди минтақаи махсуси иқтисодӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шуд. Баъдан дар бобати ба шаҳрҳои озоди наздибаҳрӣ табдил додани 14 шаҳри наздибаҳрӣ қарори махсус қабул карда шуд.
Аввали соли 1992 бошад, 28 шаҳри калон ва миёна, 8 ноҳия, 13 шаҳрчаи қад-қади дарёи Янсзи воқеъ буда, номи минтақаи озоди иқтисодиро ба худ гирифтанд.
Ҳамин тариқ, баъд аз тамоман озод кардани шаҳрҳои наздисоҳилӣ, воқеан саросари мамлакат дар иҳотаи шаҳрҳои озод монда буд. Охирҳои соли 1992 шумораи ноҳияҳо ва шаҳрҳое, ки дарвозаҳои онҳо барои сармоядорони хориҷӣ кушода буд, зиёда аз 888 ададро ташкил мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор