Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Сеюм, бояд қайд намуд, ки хоҷагии халқи мамлакат бо суръати хеле тез тараққӣ мекард. Соли 1992 ҳаҷми маҳсулоти миллӣ ба ҳар сари аҳолии мамлакат бори аввал ба 2000 юан, тараққиёти истеҳсоли саноатӣ ва муомилоти моли дохили мамлакат ба 1 триллион юан, истеҳсоли автомобил ба 1 млн. адад расонида шуд.
Дар натиҷаи амалӣ шудани ислоҳоти иқтисодӣ якбора пешрафти иқтисодии мамлакат таъмин гардид. Агар соли 1992 ҳаҷми маҳсулоти миллӣ ба 2394 млрд. юан расида, нисбат ба соли 1991 якбора 12,8% афзуда бошад, пас соли 1999 ин нишондиҳанда 8205,4 млрд. юанро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 1992 3,4 маротиба зиёд буд.
Даромади миллии мамлакат бошад, дар ин давра ба ҳисоби ҳар сари аҳолии мамлакат 330 юан зиёд шуда, 2055 юанро ташкил кард.
Истеҳсолот дар мамлакат босуръат инкишоф меёфт. Дар натиҷаи ба ин соҳа эътибори махсус додан, аз соли 1978 сар карда, то соли 1999 суръати баланди тараққиёти истеҳсолот таъмин карда шуд. Соли 1999 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 4080,6 млрд. юанро ташкил намуд, ки ин маблағ нисбат ба соли 1991-ум 26,7% ва нисбат ба соли 1978-ум 5,7 маротиба зиёд буд.
Ба туфайли ноил шудан ба пешрафти ин соҳа дар аввалҳои асри XXI вобастагии мамлакат аз давлатҳои дигари ҷаҳон бартараф гардида, дар мамлакат автомобил, киштӣ, ҳавопаймо ва ҳатто киштиҳои кайҳонӣ сохта мешаванд.
Ҳукумати Хитой комплекси саноатиро бунёд карда тавонист, ки бо истифодаи он имрӯз Хитой тамоми соҳаҳои истеҳсолоти худро бо дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонидааст. Дар муҳлати кӯтоҳтарин дар мамлакат инкишофи соҳаи металлургия хеле хуб ба роҳ монда шуд. Агар, соли 1978 дар мамлакат ҳамагӣ 31,7 млн. тонна пӯлод истеҳсол шуда бошад, ҳаҷми он дар соли 1992 ба 80 млн. тонна ва соли 2000 ба 100 млн. тонна расонида шуд. Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Халқии Хитой аз 1400 навъ пӯлод 20 ҳазор намуд мол истеҳсол карда мешавад. 60 фоизи он ҷавобгӯи меъёри стандарти байналмилалӣ мебошад. Пешрафти техникии ин соҳа мамлакатро аз ҷиҳати истеҳсоли пӯлод дар ҷаҳон ба ҷои чорум баровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор