Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҳукумати Чин аз рӯзҳои аввали бозсозӣ ба тараққии кулли соҳаҳои истеҳсолоти мамлакат, ба роҳ мондани саноати мошинсозӣ ва электронӣ эътибори махсус медод. Меҳнати зиёд Чинро дар мӯҳлати начандон тӯлонӣ ба яке аз давлатҳои содиркунандаи маҳсулоти электронӣ табдил дод. Имрӯз аз мамлакат дар баробари трактор, автомобилҳои гуногунтамға, киштиҳо, ҳар гуна дастгоҳҳои замонавӣ, инчунин воситаҳои электронӣ ба 100 давлати ҷаҳон бароварда мешавад. Тамоми гӯшаю канори мамлакат тавассути воситаҳои электронӣ идора карда мешавад.
Дар солҳои амалӣ шудани ислоҳоти иқтисодӣ мамлакат ба пешрафти соҳаи энергетика низ муваффақ гардида, босуръати хеле тез тараққӣ мекард. Аз ҷиҳати истеҳсол ва иқтидори нерӯи барқ Чин дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол мекунад. Самтҳои асосии ин соҳа истихроҷи ангишт, нафт ва ҳосил кардани нерӯи барқ мебошанд.
Дар натиҷаи бароҳмонии соҳаи энергетика соли 1999 дар Чин зиёда аз 1045 млн. тонна ангиштсанг, 160 млн. тонна нафти хом, зиёда аз 15,7 млрд. метри мукааб гази табиӣ, 1239,3 млрд. кВт/соат барқ истеҳсол карда мешавад. Ин миқдор на танҳо талаботи дохилии мамлакатро пурра қонеъ кунонида метавонад, балки қисми муайяни он ба давлатҳои ҳамсоя содир карда мешавад.
Ҳар сол аз Чин зиёда аз 20 млн. тонна ангиштсанг, 20 млн.
тонна нафти хом содир карда мешавад, ки аз фурӯши он ба мамлакат 3,3 млрд. доллар ворид мегардад.
Комёбиҳои дар соҳаи саноати вазнин ва электроника бадастомада боиси равнақ ёфтани соҳаи ҳавопаймосозӣ ва киштиҳои кайҳонӣ гардид. Хитой дар истеҳсоли тайёраҳои чӣ ҳарбӣ ва чӣ гражданӣ таҷрибаи бисёрсола дорад. Ҳавопаймоҳои қиркунандаю бомбаандоз, кашф (разведка), мусофиркаш, боркаш, чархболҳои гуногуни истеҳсоли Хитойро дар тамоми дунё мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ҳавопаймои мусофиркаши "Юн-7"-и истеҳсоли ширкати ҳавопаймосозии Сианск дар кулли ширкатҳои ҳавоӣ, ҳамчун тайёраи асосӣ дар масофаҳои кӯтоҳ ва миёнаи хати ҳавоӣ шӯҳрати зиёд пайдо кард. Аз соли 1979 сар карда, саноати ҳавопаймосозии Хитой маҳсулоти худро ба бозори ҷаҳонӣ баровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор