Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Имрӯзҳо ҳавопаймоҳои хитойӣ ба даҳҳо мамлакатҳои ҷаҳон содир карда мешаванд. Ширкатҳои ҳавопаймосозии Хитой супоришҳои чунин ширкатҳои ҷаҳон, ба мисли "Боинг", "Мак-Доннел" (ШМА), ширкати ҳавоии Канада, ширкати ҳавоии Германия, мамлакатҳои дигари Европа, ширкатҳои кайҳонии Франция ва ғайраро иҷро мекунанд.

Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Франция, Германия, Шветсия барои иҷрои барномаҳо доир ба тадқиқоти фазои кайҳон кӯмакҳои зиёде расонидааст.

Солҳои 70-ум дар Ҷумҳурии Халқии Хитой саноати кайҳонӣ рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар муддати кӯтоҳ дар мамлакат як силсила муассисаҳои тадқиқотӣ, конструкторӣ, сохторҳои озмоишӣ ва истеҳсолии саноати кайҳонӣ бунёд карда шуданд, ки онҳо аз ӯҳдаи лоиҳакашӣ ва ихтирои ҳар гуна ракетаҳои кайҳонӣ ва радифҳои маснуии Замин мебароянд.

Ҷумҳурии Халқии Хитой аз ҷиҳати маҳорати баргардонидани радифҳои маснуӣ ба Замин, сар додани сайёраҳои кассетӣ бо ёрии як ракета ба фазои кайҳон, таҷҳизоти назорату идоракунии парвози радифҳои маснуии Замин, ихтирои муҳаррикҳои пуркудрати аз якчанд блоки ракетаҳо иборатбуда дар қатори давлатҳои пешқадами ҷаҳон ҷой дорад.

Ҷумҳурии Халқии Хитой аз давраҳои қадим бо маҳсулоти бофандагиаш дар ҷаҳон хеле машҳур мебошад. Матоъҳои пахтагин, пашмин, абрешим ва катонии истеҳсоли Хитой бо рангҳои нафиси худ аз тамоми матоъҳои истеҳсоли давлатҳои дигари дунё фарқ мекунанд.

Дар Хитой соли 1999 ашёи хоми кишоварзӣ зиёда аз 5 млн. тонна нах, 25 млрд. метри тӯлонӣ газвор, 6 млн. тонна нахи сунъӣ, 42,6 млн. адад телевизорҳои ранга, 12,1 млн. адад яхдон истеҳсол карда шудааст.

Аз рӯи барномаҳои солҳои аввали қарни XXI аз содироти нах ва матои абрешимӣ ба кишвар бояд маблағи калони асъори хориҷӣ ворид шавад.

пешина
аз 785
навбатӣ