Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Саноати сабуки Хитой низ бо маҳсулоти гуногуни худ дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми бузурге гузоштааст. Саноати сабуки Хитой зиёда аз 22 соҳаро (истеҳсоли коғаз, асбобҳои рӯзгор, намаки ошӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, дастгоҳҳои барқӣ, химия, силикат, чарм, коркарди пашм, ашёи таълим, молҳои саноати маҳаллӣ, маҳсулоти тамоку ва ғайра) дар бар мегирад. Аз фурӯши чанд намуди мол, ба мисли чиниворӣ, велосипед, мошинҳои дарздӯзӣ, дастгоҳҳои барқӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ ба садҳо мамлакатҳои дунё ҳар сол ба буҷети давлат зиёда аз 50 млрд. доллари амрикой ворид мегардад.

Бинобар татбиқи бозсозиҳои иқтисодӣ дар соҳаи кишоварзӣ Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ин соҳа низ дар мӯҳлати кӯтоҳ ба комёбиҳои беназир ноил гардид. Дар даҳсолаҳои охири асри ХХ, дар натиҷаи ба кишту кор омода кардани зиёда аз 48,6 млн. гектар замин, истифодаи оқилонаи нуриҳои минералӣ, бунёди зиёда аз 84000 обанбори табиӣ ва сунъӣ афзоиши солонаи маҳсулоти кишоварзиро ба 5,9% расонид. Соли 1999 ҳосили умумии ғалла ба 508 млн. тонна расид, ки ин нисбат ба соли 1979 - 2,3 баробар зиёд буд. Аз ҷамъи ҳосили рӯёндаи ғалладана 43 фоизи онро шолӣ ташкил мекард. Истеҳсоли маҳсулоти пахта ба 3,83 млн. тонна (нисбати соли 1978 - 1,8 маротиба зиёд) расонида шуд. Хитой ғайр аз шолӣ ва гандум, инчунин ба истеҳсоли ҷуворимакка, намудҳои гуногуни лӯбиё, фундук (арахис), кунҷит, найшакару лаблабуи қанд, чой, тамоку ва пилла эътибори ҷиддӣ медиҳад. Соли 1999 дар Хитой 8,610 млн. тонна шакар, 61 млн. тонна мева, 680 ҳазор тонна чой, 2200 ҳазор тонна тамоку истеҳсол карда шудааст. Барои коркарди маҳсулоти номбурда корхонаҳои бузурги бо воситаҳои техникии замонавӣ муҷаҳҳаз сохта шудаанд. Зиёд шудани маҳсулоти ғалладана боиси ривоҷу равнақи соҳаи чорводорӣ гардид. Соли 1999 саршумори чорвои калони шоҳдор ба 135 млн., хук - 384 млн., чорвои майда - 207 млн. сар расонида шуд. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли солонаи гӯшт дар мамлакат 59,5 млн. тонна, шир 5,64 млн. тонна, гӯшти мург 10,2 млн. тонна зиёд шуд. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи гӯшт дар соли 1999

пешина
аз 785
навбатӣ