Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
нисбат ба соли 1979 - 18,6 маротиба ва нисбат ба соли 1992 - 2 маротиба, истеҳсоли тухм ва шир бошад, 13,3% афзуд.
Дар Ҷумҳурии Халқии Хитой моҳидорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дигари баҳрӣ низ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Бо бунёди ширкатҳои бузурги моҳидории наздибаҳрӣ ва наздиукёнусӣ ҳаҷми солонаи маҳсулоти корхонаҳои коркарди моҳӣ бештар аз 2 млн.тоннаро ташкил мекунад. Ҳоло дар мамлакат зиёда аз 20 ширкатҳои моҳидории укёнусӣ амал мекунанд. Инчунин, берун аз кишвар муассисаҳои худӣ ва муштараки коркарди моҳӣ ташкил карда шудаанд.
Маҳсулоти корхонаҳои коркарди моҳӣ дар соли 1999 - 41 млн.
тонна ташкил кард, ки нисбати соли 1996 - 10,7 маротиба зиёдтар мебошад.
Бо татбиқи босуръати ислоҳоти иқтисодӣ ба масъалаи иҷтимоӣ эътибор надодан, ба тараққиёти кулли ҷамъият зарар ва хатари калон меоварад.
Баромади садҳо ҳазор мардуми бекор дар майдони Тяннанмин дар соли 1989, боиси задухӯрдҳои зиёд ва талафоти одамон гардид.
Чунин ҳодиса Ҳукумати Хитойро водор кард, ки ба масъалаи барҳам додани бекорӣ дар мамлакат диққати ҷиддӣ диҳад. Яке аз роҳҳои асосии ҳалли ин масъаларо Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бунёди корхонаҳо ва дастгирии сектори яккаҳоҷагӣ медид. Чунин пешбинии оқилона боиси пешрафти истеҳсолот дар тамоми гӯшаю канори дурдасти мамлакат ва аз байн бардоштани бекорӣ гардид.
Яке аз муваффақиятҳои бузурги бозсозии иқтисодӣ дар Хитой он аст, ки дар мӯҳлати зиёда аз 20 сол дар мамлакат баробари аз нав барқарор кардани фаъолияти корхонаҳои бузург, дар маҳалҳо ба бунёди корхонаҳои майда ва миёна, ки бевосита ба ҳукуматҳои маҳаллӣ итоат мекунанд, оғоз карданд. Дере нагузашта, бо дастгирии давлат шумораи чунин корхонаҳо ба 19 млн. адад расонида шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 100 млн. нафар соҳиби ҷои кор шуданд. Дар ин корхонаҳо дар соли 1992 ба маблағи 1650 млрд. юан маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки он 65,5% маҳсулоти умумии дар деҳот истеҳсолшударо ташкил мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор