Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Бояд таъкид кард, ки аз рӯзҳои аввали фаъолияти ин корхонаҳо дар назди роҳбарияти онҳо дар баробари таъмини талаботи аҳолии худ, инчунин вазифаи истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат дар бозори ҷаҳонӣ гузошта шуда буд. Ва дар муддати кӯтоҳ маҳсулоти ин корхонаҳо ба бозори ҷаҳонӣ бароварда шуд. Воридоти солонаи асъори хориҷӣ аз фурӯши маҳсулоти корхонаҳои таҳти назорати ҳукуматҳои маҳаллӣ зиёда аз 20 млн. доллари амрикоиро ташкил мекард. Пешрафти чунин корхонаҳо боиси бо кор таъмин кардани шумораи зиёди аҳолии деҳот гардида, натиҷаҳои мусбат дод.
Сиёсати "дарҳои кушода"-и Хитой нисбат ба давлатҳои ҷаҳон. Таҳлили чуқури пешрафти иқтисодиёти мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон нишон дод, ки бе ҳамкорӣ ва равнақу ривоҷи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ бо кишварҳои дуру наздики ҷаҳон, бе тағйир додани сиёсати маҳдуди сохтори коммунистӣ мамлакатро танҳо аз бӯҳрони иқтисодӣ баровардан имконнопазир аст. Ин нуқтаи назарро ба эътибор гирифта, барои таъмини пешрафти иқтисодиёти мамлакат Ҳукумати Хитой дар барномаи бозсозии иқтисодӣ сиёсати "дарҳои кушода"-ро эълон кард. Дар робитаҳои иқтисодии хориҷӣ якбора гузаштан ба сиёсати "дарҳои кушода" Ҳукумати Хитойро водор намуд, ки дар концепсияи "такя ба қувваи худ"-и анҷумани Ҳизби Коммунисти Хитой тасдиқкарда, тағйироти куллӣ ворид намуда, дар баробари инкишоф додани тиҷорати хориҷӣ, барои мустаҳкам кардани иқтидори иқтисодии мамлакат ва баланд бардоштани дараҷаи техникии хоҷагии халқ аз комёбиҳои техникиву технология, таҷрибаи роҳбарӣ ва ташкили истеҳсолот, сармояи давлатҳои абарқудрати капиталистии ҷаҳон истифода баранд. Албатта, татбиқи чунин назария дар солҳои аввали гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ кори басо мушкил буд. Ҷаҳони капиталистӣ бо барномаҳои нав ва сиёсати эълоншудаи "дарҳои кушод"-и ҳизби коммунистӣ боварии комил надоштанд. Сиёсати пешгирифтаро мебоист дар ягон гӯшаи мамлакат, ки давлатҳои капиталистӣ ба сарватҳо ва захираҳои табиии он майл доштанд, татбиқ кардан лозим буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор