Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҳукумати Хитой чунин масъалагузориро ба назар гирифта, соли 1980 барои татбиқи ислоҳот ва таъмини инкишофи робитаҳои иқтисодии хориҷии мамлакат дар 5 шаҳри бузурги Хитой (Шенҷжен, Ҷжухай, Шантоу, Сямэн ва Хайнан) минтақаи махсуси иқтисодиро барои сармоягузорони хориҷӣ бо фароҳам овардани шароити нисбатан беҳтар, бунёд кард. Дере нагузашта, пешрафти минтақаҳои махсуси иқтисодиро ба назар гирифта, Ҳукумати Хитой (1984) ба шаҳрҳои Далян, Синхундао, Тянсзин, Янтай, Синдао, Лянюнган, Нантун, Шанхай, Нинбо, Вэнҷжоу, Фуҷжоу, Гуанжоу, Ҷжансзян ва Бэйхай статуси шаҳрҳои наздибаҳрии озод дод. Соли 1985 дар резишгоҳҳои дарёҳои Янсзи, Ҷжусян, дар секунҷаи иқтисодии қисми ҷанубии музофоти Фусзян ва нимҷазираҳои Шандун ва Ляодун низ минтақаҳои озоди иқтисодии наздибаҳрӣ ташкил шуданд.
Албатта, минтақаҳои махсус ва озоди иқтисодӣ дар мадди аввал аз нуқтаи назари бехатарии давлат дар қисмати сарҳадӣ ва нимҷазираҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой бунёд карда мешуданд.
Натиҷаҳои озмоиши панҷсолаҳои аввали ин минтақаҳои озод нишон доданд, ки барои сармоядорони ҷаҳони капиталистӣ дар сохтори коммунистӣ ҳам, агар шароитҳои лозимиро барои ҳифзи ҳимояи сармояашон, таъмини бехатарии шахсии онҳо, шароити мусоиди маишӣ ва имтиёзҳои зиёд ҷиҳати ворид кардани мол, дастгоҳҳо, воситаҳои техникӣ, сармоя, интиқоли бемонеаи пул ба ҳисобҳои корхонаҳои дигари ҷаҳон муҳайё созанд, сармоядорони хориҷӣ бемалол ба ин кишвар омада кор ва зиндагӣ мекунанд. Чунин талаботро ба инобат гирифта, солҳои 1990-1992 Ҳукумати Хитой қарор қабул кард, ки дар дохили кишвар минтақаи нави иқтисодии Пудун (Шанхай) ва Янсзу, ки 28 шаҳр ва 8 ноҳияи дар ду сохили дарёи Янсзи воқеъбударо дар бар мегирад, барои ба он ҷо ҷалб кардани ҷаҳониён ва ворид намудани сармояи хориҷӣ ташкил карда шавад.
Дар татбиқи сиёсати "дарҳои кушода"-и Хитой нақши асосиро "шаҳрҳои наздибаҳрии озод" бозиданд. Дар ҳудуди "шаҳрҳои наздибаҳрии озод" зиёда аз 80 фоизи корхонаҳои муштараки бо иштироки сармояи хориҷии дар Хитой бунёдгашта, фаъолият

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор